Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумии кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Хона – музейи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумии кулолгарӣ, чӯбтарошӣва сабадбофӣ баргузор гардид.

Дар озмун наздик 30 нафар ҳунармандон азшаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзида, ба чунин натиҷаҳо ноил гардиданд.

 

Дар бахши кулолгарӣ:

Ҷои аввал.шаҳри Истаравшан

Ҷои дуввум шаҳри Хуҷанд

Ҷои сеюм шаҳри Конибодом

Дар бахши чӯбтарошӣ:

Ҷои аввал шаҳри Исфара

Ҷои дуввум ноҳияи Мастчоҳ

Ҷои сеюм ноҳияи Ашт

Дар бахши сабадбофӣ:

Ҷои аввал ноҳияи Б.Ғафуров     

Ҷои дуввум ноҳияи Шаҳристон

Ҷои сеюм шаҳри Панҷакент

Ғолибон аз тарафи МИҲД-и вилояти Суғд бо диплому мукофотпулӣ ба миқдори аз 1000 то 3000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин барои иштироки фаъолона 8 нафар ҳунармандон бо сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба маҳсули меҳнати ҳунармандон мебошад. 

Бояд қайд намуд, ки санаи 28 июли соли 2019 дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии Озмуни ҳунарҳои мардумии кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ баргузор мегардад ва дар он ғолибони даври вилоятӣ иштирок менамоянд.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООзмуни вилоятии ҳунарҳои мардумии кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ
Scroll to Top