Ҷиҳати татбиқи банди 18-и Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №53, аз 09.02.2016) бахшида ба истиқболи чашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих» гузаронида мешавад.
Озмуни мазкур дар ду давр моҳҳои май - сентябри соли 2019 ҷиҳати баланд бардоштани нақши осорхонаҳо дар густариши маънавиёти ҷомеа, доир намудани маъракаҳо дар ҳошияи ободонӣ ва ба макони ҳақиқии истироҳати шаҳрвандон табдил додани онҳо ва ба такмили дараҷаи коргузорӣ, равнақи фаъолияти осорхонаҳои мамлакат мусоидат намуда, нақши онҳоро дар ташаккули ҳисси зебопарастӣ ва такомули мероси эҷодгариву анъанаҳои бузурги фарҳангсолории миллати тоҷик боз ҳам баланд бардошта, ба талаботи замони истиқлолият мувофиқ гардонидани мазмуну мундариҷаи кори осорхонаҳо баргузор мегардад.
Озмун аз 18 май дар Рўзи байналмилалии осорхонаҳо оғоз шуда, 30 июли соли 2019 ҷамъбаст гардида, аз аввали моҳи август то 30 сентябри соли равон беҳтаринҳо ба даври ҷамъбастии озмун пешниҳод мегарданд.
Ҷамъбасти озмун 5 октябри соли 2019 дар таҷлили ҷашни Рўзи забони давлатии Тоҷикистон дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки фаъолон, ғолибон, аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф, васоити ахбори омма баргузор мегардад.
Мақсад аз баргузории озмун баланд бардоштани мақому манзалати осорхонаҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани мундариҷа ва сифати фаъолияти онҳо дар шароити нави иҷтимоӣ - фарҳангӣ, ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти соҳаи осорхонавӣ ва ба ин васила мусоидат ҷиҳати ободонӣ, таҳкими базаи моддӣ - техникӣ ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои шаҳрвандон дар осорхонаҳо мебошад.