Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Бозсозӣ ва эҳёи “Қалъаи Хуҷанд”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо дастгирӣ ва маблағгузории МИҲД вилояти Суғд бо мақсади ба роҳ мондани корҳои тадқиқотӣ-кашфиётӣ дар “Қалъаи Хуҷанд”, ки яке аз шаҳрҳои қадимаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, таърихи беш аз 2500-сола дорад аз санаи 13.05.2019 сол дастаи ҳафриётӣ аз ҳисоби олимон таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро Раҳимов Н.Т. – д.и.т., профессори кафедраи таърихи ватан ва археологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ба ӯҳда доштанд. Корҳои “Бозсозӣ ва эҳёи “Қалъаи Хуҷанд” тибқи лоиҳа оғоз карда шуда, аз тарафи мутахассисони соҳавӣ рафти корҳои сохтмонӣ таҳти назорат қарор дошт.

Бинобар ба миён омадани зарурати истеҳсолӣ, яъне пайдо гардидани қабатҳои маданӣ дар ҳудуди майдони Қалъаи Хуҷанд, ки дар натиҷаи аз байн гирифтани биноҳои фарсудаи садамавӣ ва партовҳо аз тарафи сохтмончиён муайян гардид корҳои ҳафриётиро дар ду самт ба роҳ монда, масоҳати 800 м2 – ро дар майдони ҳудуди “Қалъаи Хуҷанд” ва наздик 300 м2 – ро дар “Кӯшки ҳокимнишин” тоза намуданд. Дар натиҷа бисёр ашёҳои қадима ба монанди қисми хумҳои сафолини калонҳаҷм (асрҳои VIII – VI пеш аз мелод), шишапораҳои қадима, ашёҳои биринҷӣ ва фулузӣ, сафолпораҳоро аз ҳудуди майдон: боқимонда ва ҷузъиётҳои иншоотҳои меъмории қаблан мавҷуда, пораҳои намунаҳои санъати кошинкорӣ аз гаҷ, хиштҳои пухтаи гуногунҳаҷмро (асрҳои XVIII - XIX) аз “Кӯшки ҳокимнишин” пайдо гардид.

Ҳангоми бурдани корҳои барқарорнамоии девори атрофи “Кӯшки ҳокимнишин” се объекти нав кушода шудаанд, ки яке аз онҳо ду адад хуми бутун дар чуқурии 2 метр ва дуи дигар аз рӯи тахмин хати обгузар (обдузд) мебошанд. Барои нигоҳ доштани аслияти ёдгорӣ гурӯҳи корӣ зарур шуморид, ки онҳо консерватсия ва музеификатсия шаванд.

Қаблан соли сипаригашта бо маблағгузории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди “Қалъаи Хуҷанд” аз тарафи Раҳимов Н.Т. қисман корҳои ҳафриётӣ гузаронида шуда, бозёфтҳои бадастомада ба фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд супорида шуда буданд. Алҳол бозёфтҳои дар натиҷаи ҳафриёт бадастомада барои қабул ба Осорхонаи мазкур пешниҳод гардидааст ва баъди тозаю таъмир онҳо дар толорҳои намошии бунёдшаванда дар “Қалъаи Хуҷанд” ба намоиш гузошта хоҳанд шуд.


Бояд тазаккур дод, ки барои гузаронидани корҳои ҳафриётӣ – муаяйннамоӣ дар “Кӯшки ҳокимнишин”-и Қалъаи Хуҷанд олимону таърихнигорон ба монанди: Раҳимов Н.Т. – роҳбари даста, Азизов М.Д. – мушовири илмӣ, намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзуллоев М., Эшонов М., Ҳусейнов Ф., Маҳмудов О., Икромов Н., Ҳомидов Ҷ., Иброҳимов И.С. – омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, Бойматов М.Т. – ҷонишини омири кулл, омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва ходимони илмии осорхонаи мазкур ҷалб карда шуданд.


Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБозсозӣ ва эҳёи “Қалъаи Хуҷанд”
Scroll to Top