Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ҶАШНИ БУЗУРГИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

     27-уми июн дар Тоҷикистон ҳамчун ҷашни Ваҳдати миллӣ қайд карда мешавад.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ – аз зумраи муҳимтарин ҷашнҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ин ҷашн тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвиб шуда, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 -майи соли 1998 дар бораи “Рӯзҳои ид” ва моддаи 83-и Қонуни меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.

    Пас аз имзои созишномаи сулҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи ҷашни Ваҳдати миллиро муқаррар намуданд. Ин ҷашни пуршукӯҳ барои наслҳои ҷавон нишон медиҳад, ки бар ивази  чи қадар азобу ранҷ дар кишвари азизамон сулҳу суббот барқарор гардид ва минбаъд барои устувор нигоҳ доштани он пайваста бояд талошу кӯшиш намуд ва месазад, ки якдигарро бахшида ба ин ид таҳнияту шодбош гуфт.

Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”  тамоми мардуми тоҷикро бо як ҷаҳон самимият шодбош гуфта, ба тамоми мардуми ифтихорофари тоҷик сулҳу осоиштагии абадиро таманно мекунад.

    Бори дигар ҷашни Ваҳдати миллӣ бароятон муборак бод!

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ҶАШНИ БУЗУРГИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Scroll to Top