Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ташрифи меҳмонони Ярмарка

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

21-уми июни соли 2019 роҳбарони ҳайати расмии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Белорус ва Қирғизистон ҷиҳати иштирок дар Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд- 2019” ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Боиси ифтихор аст, ки шаҳри Хуҷанд аз марказҳои таърихии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳазорон нафар меҳмонони хориҷӣ ба ин ҷо барои огоҳӣ ёфтан аз фарҳангу тамаддуни ин сарзамин дидан менамоянд. МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” аз қабили марказҳои таърихию фарҳангии миллати мо маҳсуб меёбад. Аз ин ҷиҳат меҳмононе, ки ба Хуҷанд ташриф меоваранд, аз ин муассиса шиносоӣ пайдо мекунанд. Имрӯз меҳмонон  аз Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Белорус ва Қирғизистон аз ин муассиса аз наздик шинос шуданд, ки аз ҷумла ташрифи  намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Боткент Акрам Мадумаров, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Белорус Олег Иванов, муовини ҳокими вилояти Фарғона Мӯҳсинхӯҷа Абдураҳмонов, муовини раиси вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус Игор Макар  бо як гуруҳи корӣ ташриф оварданд. Меҳмонон аз пазироӣ хушнуд шуда, ба мардуми меҳмоннавози тоҷик изҳори сипос намуданд ва бовар намуданд, ки  мардуми тоҷик дар ҳақиқат мардуми бофарҳангу дорои тамаддун ҳастанд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТашрифи меҳмонони Ярмарка
Scroll to Top