Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

     

      Дар Паёми навбатии худ  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: “Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шавад”.

     Агар ба таърихи гузаштаи хеш назар афканем, дар осори адибони мо ҳазорсолаҳо пеш аз ин дар бораи ҳунарҳои аҷдодии мо сухан меравад ва он ҳама то замони мо омада расидааст. Аз ин бар меояд, ки мардуми тоҷик тули асрҳои зиёд дар рушду нумӯъи илму фарҳанг ва ҳунари башарӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ҳунарҳои мардумӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳамеша бо ҳаёти инсон алоқаманданд. Онҳо ҳисси зебоипарастии халқро таҷассум мекунанд, ки инкишофи ҳисси зебоипарастии инсонро дар бозёфтҳои бостоншиносон, ба монандӣ: кӯзаҳо, табақҳо, ороишоти занона, мусаввараи деворнигораҳо, ки дар он фарҳанги ҳунари меъморӣ ва рассомӣ, ҳамчунин хусусияти рӯзгори маишии мардуми давраҳои қадим инъикос ёфтаанд, пайгирӣ метавон кард.

    Ҳунарҳои мардумӣ фарогири ҳамаи қишрҳои ҷомеъа буда, ба маҳсули дастии онҳо бояд таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ зоҳир кард. Ҳунарҳои мардумии мо бешумор буда, мо бояд онҳоро омӯзем ва тарғибу ташвиқ намоем. Зеро ҳунарҳои мардумӣ инъикосгари миллати тоҷик дар байни миллатҳои дигар мебошанд.

   Сиёсати фарҳангдӯстонаи сарвари давлат дар самти дастгирии расму оинҳо ва анъанаҳои миллии ниёгон натиҷаи хуб ба бор овардааст. Эҳёи фарҳанги миллӣ дар кулли манотиқи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, намунаҳои эҷодиёти бадеии халқ аз ҷумла гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ, атласу адрасбофӣ, кандакории рӯи чӯб, кулолгарӣ, гаҷкорӣ ва дигар намудҳои анъанаҳои миллӣ эҳё карда шуданд.

   Миллати соҳибтамаддуни тоҷик аз азал бо ҳунару ҳунармандӣ, зебогӣ, хулқу рафтори намунавӣ, эҷодкориву боиффатӣ миёни мардуми олам шинохтаасту, бадин васила дар миёни бародар кишварҳо ҳамеша шоистаи иззату эҳтиром буд. Дар замони муосир ба хотири  эҳёи ҳунарҳои мардумӣ муассисаҳо, сехҳо, коргоҳҳои ҳунармандон ташкил шудаанд. Ин марказҳои ҳунармандӣ таҳти роҳнамоии устоҳои машҳуру боистеъдод фаъолият мебаранд. Дар тамоми муассисаҳои таълимӣ коргоҳи атласу адрасбофӣ, кашидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ, йӯрмадӯзӣ, мӯҳрадӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Дар Хона-музейи Камоли Хуҷандии “Муассисаи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд” низ маркази таълимии атласу адрасбофӣ ташкил карда шудааст, ки ба бонувони тоҷик ин ҳунари аҷдодӣ омӯзонида шуда истодааст. Ҳамасола дар манотиқи кишвар фестивал-озмуни атласу адрас баргузор мегардад, ки тарроҳони мо бо тарзҳои гуногун ин либосҳоро дӯхта ба тамошобинон пешкаш менамоянд.

   Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд толори намоишӣ аз коллексияи фонди осорхона таҳти унвони “Осорхона ва рушди сайёҳӣ” ташкил карда шудааст. Дар ин намоиш сӯзанӣ, пештоқ, чимилиқи қуроқ, либосҳои арусии зардӯзишуда, кӯзаҳо, офтоба, табақи навиштаҷотдор ба намоиш гузошта шудааст.

Бунёди корхонаву коргоҳҳо таъмин бо ҷои кории доимӣ ва мусоидат намудан ба беҳдошти некӯаҳволии мардуми кишвар яке аз ҳадафҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ташкили сехҳои дӯзандагию бофандагӣ, қолинбофию зардӯзӣ, бо грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Раиси вилоят соҳиби маблағҳои пули гардидани ҳунармандони кишвар низ яке аз роҳҳои таъмини зиндагии осоиштаи занҳо ва бонувон ба ҳисоб меравад. Бигзор ҳунари онҳо писанди ҳамагон гардад ва маҳсули бо меҳр офаридаи онҳо зеби кошонаҳо бошанд.

 

 

                                                                                                                                                                                                             Мудири шӯъбаи таърихи

                                                                                                                                                                                                                  давраи муосир:                                                                   

                                                                                                                                                                                                              Хоҷаева Муҳаррамахон                          

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЭҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар
Scroll to Top