Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Сайёҳии экологӣ – омили рушди устувори иқтисодиёти кишвар ва беҳдошти сифати зиндагии аҳолии минтақаҳои дурдасти вилоят

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Тибқи нақшаи чорабиниҳои барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020 санаи 7 июни соли 2019 дар Хона – музейи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” семинари вилоятӣ таҳти унвони “Сайёҳии экологӣ – омили рушди устувори иқтисодиёти кишвар ва беҳдошти сифати зиндагии аҳолии минтақаҳои дурдасти вилоят” баргузор гардид.

Дар семинар намояндагони сохторҳои вилоятӣ, бахшҳои рушди сайёҳии шаҳру ноҳияҳо, ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, хоҷагии ҷангал, ташкилоти ҷамъиятии сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, омӯзгорону донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ, кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

 

Раҳимов Абдумаҷид – мудири шӯъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Суғд ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳамагонро хайрамақдам намуд.

Иброҳимов Иброҳим – омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд” ҷамъомадагонро ба ин макони зебою таърихӣ хайрамақдам намуда, аз дастовардҳои муассиса дар соҳаи сайёҳӣ ёдовар гашт.

Ҳамчунин Қурбонов Сангинбой – намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар мавзӯи “Сайёҳии экологӣ – омили рушди устувори иқтисодиёти кишвар ва беҳдошти сифати зиндагии аҳолии вилоят”, Ваҳҳобов Усмон – шикоршиноси Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд” таҳти мавзӯи “Захираҳои шикории вилояти Суғд ва мавқеи он дар соҳаи сайёҳии экологии вилоят”, Каримова Мадина – докторанти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров таҳти унвони “Рушди сайёҳии экологӣ дар мавзеи Искандаркӯл”, Мамадҷонов Шавкат – Раиси ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони вилоят, дар мавзӯи “Муносибатҳои эҳтиёткорона ба табиат дар мавсими шикор ва моҳидории варзишӣ”, Юсупов Ҷамшед – директори “Ассотсиатсияи тараққиёти сайёҳии Зарафшон” таҳти унвони “Экотуризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба сухан баромада, ибрози андеша намуданд.

Дар заминаи семинари мазкур даври дуюми Озмуни вилоятии “Мисгарӣ ва оҳангарӣ” баргузор гардид. Ғолибони озмун аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо Дипломи дараҷаи 1, 2, 3 қадрдонӣ гардиданд.

Дар ҷамбасти семинар ғолибонро муовини Раиси вилоят Анвар Яқубӣ табрик намуда тӯҳфаҳои хотиравиро супорид ва баромад кард.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО Сайёҳии экологӣ – омили рушди устувори иқтисодиёти кишвар ва беҳдошти сифати зиндагии аҳолии минтақаҳои дурдасти вилоят
Scroll to Top