Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боздиди намояндагони Бонки рушди Осиё аз МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 24-уми май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати намояндагони Бонки рушди Осиё, ки бо роҳбарии сармутахассис оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ – роҳбари департаменти Осиёи миёна ва ғарбии Бонки мазкур Гуолианг Ву ба вилоят ташриф оварданд, мулоқот намуд.

Дар доираи сафари худ санаи 25-уми май намояндагони Бонки рушди Осиё аз Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” низ дидан намуданд.

Ҳайати меҳмононро сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шариф Ахмедов ҳамроҳӣ намуд.

Сараввал меҳмонон аз сайри илмӣ дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бархурдор гардида, аз Мақбараи шоири ширинкалом Камоли Хуҷандӣ зиёрат намуданд.

Бо мақсади шиносоӣ аз таъриху фарҳанг ва тарзи рӯзгордории халқи тоҷик аз Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ дидан намуда, аз меҳмоннавозии тоҷикон баҳра ҷустанд.

Баъди шиносоӣ бо таърихи аҷдодон ва манзараҳои ободу зебои Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” меҳмони олиқадр Гуолианг Ву таассуроти худро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ” қайд намуд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоздиди намояндагони Бонки рушди Осиё аз МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”
Scroll to Top