Санаи 24-уми май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо гурӯҳи кории намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ, ки бо роҳбарии Кейт Мандевил ба вилояти Суғд ташриф оварданд, мулоқот кард.
Тибқи барномаи сафар меҳмонон ба Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварда, аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан намуданд.
Ҳайати меҳмононро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ҳамроҳӣ намуд.
Ба меҳмонон аз ҷониби мутахассисони ботаҷриба сайри илмии таърихӣ гузаронида шуда, онҳо бо таърихи таъсисёбии муассиса ва толорҳои экспозитсионӣ шинос гардиданд.
Баъди шиносоӣ аз таъриху фарҳанги ғании халқи кишвар меҳмони олиқадр Кейт Мандевил дар китоби “Меҳмонони фахрӣ” таассуроти худро қайд намуд.