Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Бозии шоҳмот дар Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷанд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳамасола дар кишвари азизи мо – Тоҷикистон санаи 23-юми май “Рӯзи ҷавонон” бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати ин ҷашн дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ мусобиқаи кушоди Ҷоми Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” оид ба шоҳмот байни наврасону ҷавонон баргузор гардид.

Дар мусобиқа 27 нафар писарон ва 8 нафар духтарон аз шаҳру навоҳии вилоят иштирок намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки мусобиқаи мазкур аз тарафи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бори аввал ба роҳ монда шудааст. Ва ин иқдом акнун пайваста дар айвони Маҷмаа идома меёбад.

Дар анҷом ҳамаи ғолибони мусобиқа аз номи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”бо ифтихорномаю тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.

Мақсад аз баргузории ин мусобиқа сайқал додани донишу маҳорати наврасону ҷавонон ва мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат байни онҳо мебошад.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБозии шоҳмот дар Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷанд
Scroll to Top