Тибқи нақшаи МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” якҷоя бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД вилояти Суғд ва мактуби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.05.2019 №1-03/1209 дар иртибот ба мактуби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6.05.2019, №5/1-474-в бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар ҷумҳурӣ дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” санаи 18-уми май ин чорабинӣ таҳти унвони “Шабе дар осорхона” баргузор гардид, ки шаҳрвандон, меҳмонони ватаниву хориҷӣ, муҳассилин ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ ройгон (аз соати 16-00 то 22-00) аз осорхонаҳо дидан намуданд.
Дар ин давра мувофиқи тартиби муайяншуда аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд – 1689 нафар, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Н.Неъматов – 696 нафар, Хона – музейи Камоли Хуҷандӣ – 360 нафар мушоҳида намуданд.
Инчунин дар маҷмӯъ аз Осорхонаҳои МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” 2745 нафар тамошобинони ватанию хориҷӣ ташриф оварданд.
Бояд тазаккур дод, ки “Шабе дар осорхона” бори нахуст соли 1997 дар Берлин барпо шуда буд.
Ҳамчунин бахшида ба ин ҷашн дар толори намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд намоиши маводҳои навҷамъоваришуда аз фонди осорхона ба миқдори 108 адад таҳти унвони “Осорхона ва рушди сайёҳӣ” ба роҳ монда шуд.
Мақсад аз ташкили чунин иқдомот ин пеш аз ҳама пешбурди сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба осорхона, муаррифии осори ниёгон, баргузор намудани чорабинии бузурги оммавӣ - маърифатӣ вобаста ба соҳаҳои мухталифи фарҳанг, муаррифӣ намудани осорхона ҳамчун макони таълимӣ - маърифатии муосир ба шумор меравад.