Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён ифтихормандам, ки Шуморо аз номи аҳли фарҳангу ҳунар бо санаи муборак – Рӯзи байналмилалии осоррхонаҳо шодбош мегӯям.
Осорхонаҳои ҷумҳурӣ дар муддати начандон тулонӣ дар амалӣ гардонидани рисолати таърихӣ ва пиёда сохтани сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои назаррасеро анҷом дода, ҳамасола тавассути баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ тамошобинони зиёдеро бо гузаштаи ибратомӯз ва дастовардҳои даврони истиқлолият аз наздик ошно мегардонанд.
Дар ин рӯзи фархунда ба Шумо нишоту шодмонӣ, саодати рӯзгор ва дар муаррифии таърихи гузаштаву муосири Тоҷикистон барору комёбиҳо таманно дорам.
Ҳамеша комёбу муваффақ ва саодатёр бошед.
Ш.Орумбекзода