Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дар сӯҳбати қарнҳо

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Тибқи нақша – чорабинии Раёсати фарҳанги МИҲД вилояти Суғд ва Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар доираи чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии “Курушкада”-и н.Спитамен конфронси илмӣ таҳти унвони “Дар сӯҳбати қарнҳо” баргузор гардид.

Конфронсро омири Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Бойматов М.Т. ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҷамъомадагонро бо иди касбиашон табрик намуд.

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Спитамен муовини раиси ноҳияи Спитамен Дилрабо Раҳимӣ ҳамагонро ба толори пуршукӯҳи маҷлисгоҳ хайрамақдам намуда, ҷамъомадагонро бо иди касбиашон табрику таҳният карда, роли осорхонаҳоро дар тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба мероси ниёгон дар қалби онҳо изҳори ақида намуд.

П.Иброимов – мутахассиси пешбари Маркази илмӣ – методии Раёсати фарҳанги МИҲД вилояти Суғд ба сухан баромада, қайд намуд, ки ҳоло дар вилояти Суғд 21 осорхонаҳо мавҷуд буда, фаъолияти онҳо ба таври назаррас ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин аз номи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ин ҷашн Иброҳимова Муяссар – сармуҳофизи фонди Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии шаҳри Конибодом бо унвони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдиронида шуд. 

Рустам Юлдошев – дотсент, номзади илмҳои таърих, мудири осорхонаи ДДХ ба номи Б.Ғафуров таҳти унвони “Осорхона – олами корҳои ғоявӣ” маърӯза намуда, аз фаъолияти Осорхонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров сухан кард ва роли осорхонаҳоро дар тарбияи ғоявии ҷавонон баён намуд.

“Таъсиси осорхона орзуи мо буд” таҳти чунин мавзӯъ Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Спитамен Иномҷон Тӯраев баромад намуда, аз таърихи таъсисёбии Осорхонаи ноҳия, ки аз соли 2001 инҷониб муддати ҳаждаҳ сол макони муайян надошт ва акнун соҳиби бинои алоҳидаи замонавӣ гардидааст, ба иштирокдорон қисса намуд.

Мутриба Мамадҷонова - мудири шӯъбаи таърихи Осорхонаи таърихии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” таҳти мавзӯи “Осорхона инъикосгари таъриху фарҳанг” ба сухан баромада, маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.

“Осорхона – махзани мероси ниёгон” таҳти ин мавзӯъ Раҳим Шарипов – сарвари Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии “Курушкада”-и ноҳияи Спитамен аз аҳамияти осорхона дар тарбияи насли наврас ёдовар шуд.

Дар чорабинӣ инчунин намояндагони Раёсати фарҳанги МИҲД вилояти Суғд, устодони ДДХ ба номи Б.Ғафуров, сарварон ва кормандони осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок доштанд.

Дар рафти чорибинӣ М.Файзуллоев – дотсент, номзади илмҳои таърих, осорхонашинос, устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, Ҳ.Холҷӯраев – профессор, директори Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Б.Ғафуров, А.Раупов – директори кулли осорхонаҳои шаҳри Исфара, Н.Усмонов - директори Хона – осорхонаи Эргашбойбачча бо аҳли нишаст оид ба баланд бардоштани хизматрасонӣ ва ҷалби сайёҳон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихию саёҳатӣ саволу ҷавоб доир намуданд.

Баъди итмоми чорабинӣ ҳозирин аз толорҳои навтаъсиси Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии “Курушкада”-и ноҳияи Спитамен, ки ба таври замонавӣ ва ҷавобгӯи унсурҳои осорхонашиносӣ созмон дода шуда, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи якуми апрели соли 2019 ифтитоҳ гардида буд, дидан намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки осорхонаи мазкур муассисаи таърихӣ – кишваршиносӣ, илмӣ – маърифатӣ буда, муҳофизати ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва боигариҳои халқро дар бар мегирад.

Ҳадафи асосии ин чорабинӣ дар замири насли ҷавон парвариш намудани эҳсоси эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ва арзишҳои фарҳангӣ мебошад.

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДар сӯҳбати қарнҳо
Scroll to Top