Санаи 16-уми май дар доираи сафари корӣ Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов бо ҳайати ҳамроҳонаш баҳри шиносоӣ аз таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд” диданд намуданд.
Ба меҳмонон аз ҷониби мутахассисони ботаҷриба сайри илмии таърихӣ гузаронида шуда, онҳо бо таърихи таъсисёбии муассиса ва толорҳои экспозитсионӣ шинос гардиданд.
Меҳмононро раиси шаҳри Бӯстон Р.Ҳошимзода ва муовини раиси шаҳри Хуҷанд Ф.Нуруллозода ҳамроҳӣ намуданд.
Дар охир Котиби генералии СҲШ В.Норов ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби “Меҳмонони фахрӣ” таассуроташро қайд намуд: “Исторический музей Худжанда впечетляет собранной коллекцией из археологических раскопок таджикских учёных, которые свидетельствует о глубокой истории таджикского народа и его государственной богатой культуры, оставившей заметный след в истории не только Таджикистана, но и всей Центральной Азии, а также в развитии обмена культур и циливизаций на Великом Шёлковом пути. Уверен, музей вносит весомый вклад в познании истории таджикского народа и воспитании молодого покаления в духе патриотизма и к любви к своей родины, уважения многообразия культур народов Центральной Азии”.