Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи фаромӯшнашавандаи 9 май – Иди Ғалаба, ки рамзи пирӯзии сулҳ бар ҷанг, рушноӣ бар торикӣ ва хайр бар шар аст, фаро мерасад. Дар ин рӯз мо аз корнамоиҳои аҷдодони қаҳрамони хеш, ки бо матонату диловарӣ сарзамини худро аз душман ҳифз намуда, барои наслҳои оянда зиндагии озодонаро муҳайё намуданд, бо некиву сипосгузорӣ ёд меоварем.
Фидокориҳои фарзандони тоҷик дар ин ҷанги хонумонсӯз намунаи олии ибратомӯзӣ дар заминаи эҳтирому гиромидошти Ватан ва арзишҳои он барои наслҳои ҷавон маҳсуб мегардад.
Корнамоӣ ва ҷонфидоии падарону модарон моро даъват менамояд, ки Ватанамонро азизу гиромӣ дорем ва барои ободии кишвари худ ҳиссаи арзанда гузорем.
Иди Ғалаба муборак ҳамдиёрони азиз!