«Ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи Ғалаба, поси хотири ҳалокшудагон, қадрдонии родмардони набардҳои шадид ва заҳмати бекарони онҳое, ки дар ақибгоҳ дар шикасти душман саҳм мегирифтанд, худ анъанаи нек ва сабақи ибратомӯз барои наслҳои имрӯза аст».
Эмомалӣ Раҳмон
Рӯзи Ғалаба яке аз рӯзҳои бузурги таърихие мебошад, ки дар бисёр давлатҳои ҷаҳон пос дошта мешавад. Ин иди пирӯзиву музаффарияти миллӣ, Иди ифтихори мардум ва дар айни замон рӯзи ғаму андӯҳ ва хотираи абадӣ мебошад. Санаи мазкур ҳамеша дар бораи он ҳодисаҳои мудҳиши ҷанг, шикасти лашкарони фашистӣ, қаҳрамонӣ ва матонати беназири муҳофизони Ватан, заҳмату азобҳои ҷонфидоёнаи мардуми ақибгоҳ хотиррасон мекунад.
Бахшида ба 74 - солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 санаи 7 – уми май дар толори Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” вохӯрӣ таҳти унвони “Умри қаҳрамон ҷовидон аст” баргузор гардид.
Чорабиниро омири кулли Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» И.С.Иброҳимов ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо Иди Ғалаба табрик намуд.
Дар чорабинӣ Ф.Усмонова - мутахассиси пешбари Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамагонро бо фарорасии ин Иди бузург муборак намуда, аз ҷонисориҳои мардуми тоҷик дар он ҷанги хонумонсӯз ёдоварӣ карданд.
Ш.Б.Алиев - Корманди шоистаи Тоҷикистон, муовини Раиси Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд таҳти унвони “Шаҳомоти Ғалаба бузургтар мегардад” маърӯза намуда, аз қаҳрамониҳои фиристодагони Тоҷикистон ва дар ҳаққи онҳо ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд карданд.
Таҳти мавзӯи “Шуҷоати тоҷикистониён дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” Ҷ.Б.Исоматдинов – номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи ватан ва археологияи факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров маърӯза намуда, аз корнамоиҳои тоҷикписарон ба монанди Домулло Азизов, Ҳодӣ Кенҷаев, Фатҳулло Аҳмадов ва дигарон ёдовар шуданд.
Н.И.Валеева - собиқадори меҳнат дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо шеърҳои тозаэҷоди худ ҷавононро ба муттаҳидӣ, пос доштани сулҳу суботи кишвар даъват намуданд.
А.Ҳакимзода – сержанти қисми ҳарбии 3501-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти мавзӯи “Хизмат ба Ватан шараф аст” ба сухан баромада, қайд намуд, ки афсарону сарбозон идомадиҳандагони кору пайкори неки падарону бобоёни шарафманд ҳастанд ва хоҳанд буд.
“Китобҳо низ ҷанг дидаанд” зери ин мавзӯъ Н.А.Бузурукова– китобдори калони МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” маърӯзаи пурмуҳтаво карда, аз зарурати китобу рӯзнома ва варақаҳои таблиғотӣ дар он ҷанги мудҳиш, ки ҳамчун ғизо ва обу оташ зарурат доштанд, баён намуданд.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ аъзоён ва намояндагони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят, Шӯрои иттифоқи собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист, муассисаҳои фарҳанги вилоят, донишҷӯён ва устодону таҷрибаомӯзони ДДХ ба номи Б.Ғафуров, афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3501-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони МД «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ва намояндагони ВАО шаҳру вилоят иштирок намуданд.
Бахшида ба ин рӯз дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд гӯшаи намоишӣ таҳти мавзӯи «Қаҳрамонон абадзиндаанд» созмон дода шуда, дар он асарҳои илмиву бадеӣ доир ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва албомҳои тантанаҳои ҷашнӣ дар Рӯзи Ғалаба ба намоиш гузошта шуд.
Ҳамчунин Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Н.Маликисломов ба кормандони муассиса бино ба аъзогии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дохил шуданашон табрик намуда, шаҳодатномаи аъзогӣ супорид.
Дар интиҳо баромади оркестри нафасии қисми ҳарбии 3501-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати тозае бахшид.
Мақсад аз гузаронидани чорабинӣ эҳтиром гузоштан ба фарзандони содиқи Ватан буда, омили муҳимтарини тарбияи насли ҷавонони мамлакат дар руҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҷасорату далерӣ мебошад.
Ҳамчунин кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” якдилонаву сарҷамъона дар маросими гулчамбаргузорӣ бар пояи муҷассамаи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Қориҷон Ахмедовро аёдат намуданд.