Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Вориди нигораҳои нав

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳафтаи сипаригашта дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ҷаласаи комиссияи харидории назди хазинаи осорхона баргузор гардид.

Яке аз роҳҳои ибтидоӣ ва асосии ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, ин ҷамъоварии ашёҳои таърихӣ дар осорхонаҳо мебошад, ки дар ин макон барои ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ шароити махсус муҳайё карда шуда, онҳо зери назорати касбӣ қарор мегиранд ва баъди таҳқиқу таҳлил дар намоишгоҳ ҷои худро меёбанд.

Дар ҷаласа 56 адад ашёҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва этнографӣ ба монанди: сӯзаниҳои дастидӯз, болинпӯш, ҷойнамоз, гарданбанд, зарфҳои сафолин, дарзмоли чӯянин, асбобҳои рӯзгор ва дигар ашёҳои гуногуни таърихӣ ҷамъоварӣ ва пешниҳод гардиданд. Ашёҳои пешниҳодшуда ба асрҳои миёна, охири асри XIX ва аввали асри ХХ тааллуқ дошта, аҳамияти таърихӣ-фарҳангӣ доранд. Ин ашёҳо барои ғанӣ гардонидани хазинаи (фонд) осорхона, ҳифзи мероси ниёгон, барои намоиши экспозитсионӣ ва намоишҳои сайёр заруранд. Алҳол кормандони илмӣ ба нигораҳои нави воридгардида тавсифномаи илмӣ тартиб дода истодаанд.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОВориди нигораҳои нав
Scroll to Top