Баҳри иҷроиши барқия аз 25-уми апрели соли 2019, таҳти №204-1/16тф бо мақсади вусъати омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани 1300-рӯзи ободонию кабудизоркунӣ дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” шанбегии умумимаҷмаавӣ гузаронида шуд.
Бо иштироки аҳли кормандони маҷмаа гулҳои лола ба гулҳои мавсимӣ иваз карда шуданд. Майдонҳои ҳамешасабз бо поруҳои минералӣ таъмин гардида, алафҳои бегона ба тартиб дароварда шуданд. Майдонҳои ҳудуди боғ аз пиёзакҳои гули лола тоза карда, гулҳои мавсимӣ ба миқдори 8 ҳазор бех шинонида шуданд.
Тозагии ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ таҳти назорат буда, майдонҳо, роҳравҳо, нишастгоҳҳо ва айвонҳои ҳудуди боғ аз партовҳо тоза карда шуданд. Ҷӯйборҳо ва деворҳои қалъа аз алафҳои бегона тоза карда шуданд. Кормандон ҳамчунин дар ободонии Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ саҳми худро гузоштанд. Баъди иҷрои корҳои барзиммадошта аҳли ҷомеаи меҳнатӣ мондагии худро дар сари дастархон бо чойи кабуд ва оши палави тоҷикӣ бароварданд.