Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати меҳнат, Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон ва эълон гардидани “Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ байни омӯзгорони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят мусобиқаи варзишии шоҳмот ва шашка баргузор гардид.
Чорабинии мазкур аз тарафи Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд ташкил карда шуд.
Дар охир ҳамаи ғолибони мусобиқа бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мақсад аз барпо гардидани чорабинӣ мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат байни омӯзгорон, барои эҳё намудани худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани заковат мебошад.