Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ёдгориҳо бозгӯи таъриху тамаддун

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018 иброз намудаанд: “Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем.

Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад”. 

Тибқи нақшаи кории Осорхонаи таърихии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ дар Муассисаи давлатии вилоятии “Қасри Арбоб” конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ёдгориҳо бозгӯи таъриху тамаддун” баргузор гардид.

Дар кори конфронс устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров – аъзоёни Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, намояндагони муассисаҳои Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сарварони Осорхонаҳо ва котибони масъули бахши ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъмории навоҳии вилоят, намояндагони ВАО ва кормандони илмии Осорхонаи таърихии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.

Омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Бойматов М.Т. ба  кори конфронс ифтитоҳ бахшиданд. Сипас, мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ф.Усмонова, “Сангнавиштаҳо – осори пурарзиши таърихӣ” – Ш.Шарипов - номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи ватан ва археологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи академик Б.Ғафуров, “Осорхона боигарии маънавии миллат, хазинаи илм, маркази тарбия ва зиёратгоҳи муқаддас” - Ҳабибулло Холҷӯраев – директори Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров, “Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ” – А.Ёдгорӣ – мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи  Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд. Ҳамчунин М.Файзуллоев – номзади илмҳои таърих, осорхонашинос иштирокдоронро бо қонунҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз ва мероси ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ қабулнамуда ибрози ақида карда, зарурияти ҳифз, нигоҳдорӣ ва муаррифии ин мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ, меъморӣ ва экологиро қайд намуданд.

Сипас, байни олимони соҳа ва иштирокдорони конфронс мубоҳиса ҷараён гирифт.

“Қасри Арбоб – ёдгории меъмории асри ХХ” – Бахтиёр Дадобоев – роҳбалади Осорхонаи Муассисаи давлатии вилоятии “Қасри Арбоб” маърӯзаи худро бо хоҳиши иштирокдорон дар қисмати амалии конфронс баён намуд.

Мақсад аз баргузории конфронс дар солҳои 2019-2021, ки “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст, ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон, муаррифии ин объектҳо барои сайёҳони хориҷ хеле муфид арзёбӣ мегардад.

 

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЁдгориҳо бозгӯи таъриху тамаддун
Scroll to Top