Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

18-апрел Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ  санаи 18 апрел ҷашн гирифта мешавад. Ин сана аз ҷониби Маҷмааи Шӯрои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳо ва ҷойҳои тамошобоби таърихӣ (ИКОМОС) назди ЮНЕСКО соли 1983 муайян карда шудааст. Ҳадафи асосии ҷашни мазкур ҷалби таваҷҷуҳи инсоният ба ҳифзи мероси ниёгон ва ба мерос мондани он ба наслҳои оянда мебошад. Ҳифзи мероси моддӣ ва ғайримоддӣ вазифаи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Бори нахуст "Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ" санаи 18 апрели соли 1984 дар мамолики дунё таҷлил карда шудааст.

Дар "Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ" дар давлатҳои ботамаддун конфронсҳо ва чорабиниҳои ҷамъиятӣ доир ба мавзӯи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва ҷойҳои таърихӣ баргузор гардида, осорхонаҳо дарҳои хешро ройгон ба ҳамаи хоҳишмандон боз мекунанд.

Дар ёдгориҳои бостонӣ таърихи гузаштаи мо маҳфуз мебошад. Миллати тамаддунофари тоҷик дорои таъриху фарҳанги қадима ва бой буда, сарватҳои нотакрори бостонӣ, меъморӣ, фарҳангӣ ва таърихию табиии ин миллати қадим ҷузъи ҷудонашавандаи мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик пайвандгари ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгони мо буда, дар маҷмӯъ онҳо саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи ин миллати бузургро ба ҳам мепайвандад.

Эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад. Истифодаи самараноки ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамчун объектҳои туризми фарҳангӣ  ба ҳисоб меравад.

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ санаи 18-уми апрел дар толори хурди маҷлисгоҳи МДВ “Қасри Арбоб” конфронси илмӣ таҳти унвони “Ёдгориҳо бозгӯи таъриху тамаддун” баргузор мегардад.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО18-апрел Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ
Scroll to Top