Дар доираи сафари корӣ меҳмонон аз Ҷумҳурии Мисри Араб бо роҳбарии Раиси иттифоқи касабаи маориф ва тадқиқотҳои илмии Миср Ҳошим Абдуллазиз Ҳасан Радван бо ҳайати ҳамроҳонашон баҳри шиносоӣ аз таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” низ дидан намуданд.
Ба меҳмонон аз ҷониби мутахассисони ботаҷриба сайри илмии таърихӣ гузаронида шуда, онҳо бо таърихи таъсисёбии муассиса ва толорҳои экспозитсионӣ шинос шуданд.
Диққати меҳмононро бештар бозёфтҳо аз Саразми бостон, китобу дастхатҳо ва нигораҳои нодир ҷалб намуд. Ҳамчунин Раиси иттифоқи касабаи маориф ва тадқиқотҳои илмии Миср Ҳошим Абдуллазиз Ҳасан Радван ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби “Меҳмонони фахрӣ” таассуроташро қайд намуд.
Ба меҳмонон аз ҷониби маъмурияти Қалъаи Хуҷанд чун нишонаи меҳру муҳаббат тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.