Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Роҳи танобӣ”-ро аз Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ то Маҷмааи шоҳ Исмоили Сомонӣ аз болои дарёи Сир дар масофаи беш як километр мавриди истифода қарор доданд.
“Роҳи танобӣ” дар доираи эълони солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мавзеи хеле зебою дилписанд барои сайёҳони дохилию хориҷӣ - соҳили дарёи Сир ва Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ сохта шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки шаҳри Хуҷанд яке аз мавзеъҳои таърихию диданибоб барои сайёҳони дохилию хориҷӣ мебошад ва фароҳам овардани ин гуна шароити зарурӣ барои онҳо аз иқдомҳои наҷиб дониста мешавад.
“Роҳи танобӣ”, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд карда шудааст, дорои 47 кабина бо ғунҷоиши 4 нафар, аз ҷумла 7 кабинаи хизматрасонии олӣ мебошад.
Ин роҳ дар як вақт ба 160 нафар хизмат мерасонад.
Баландии роҳи танобӣ дар сатҳи дарё 35 метрро ташкил дода, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 16 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат бо масъулини шаҳри Хуҷанд ва дастандаркорони ин иқдом ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани имконоти хизматрасонӣ барои сокинону сайёҳон ва ҷалби шумораи бештари сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъкид доштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки танҳо соли 2018 аз мавзеъҳои сайёҳию ёдгориҳои таърихии шаҳри Хуҷанд зиёда аз 64 ҳазор нафар сайёҳону меҳмонон, ки бештарашон хориҷӣ мебошанд, боздид намудаанд.
Ёдовар мешавем, ки айни ҳол дар вилояти Суғд баҳри қабул ва ташкили истироҳату саёҳат барои меҳмонон 26 ширкати сайёҳӣ ва зиёда аз 60 меҳмонхонаву 13 осоишгоҳ фаъолият дошта, воридшавии сайёҳон ба қаламрави вилоят сол аз сол афзоиш меёбад.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.