Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Фестивали "Сайри гули лола"

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Субҳи рӯзи 2 апрели соли равон дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фестивали «Сайри гули лола» ва озмуни вилоятии «Гулҳо» баргузор гардид.

Бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани фестивали «Сайри гули лола», озмуни вилоятии «Гулҳо» ва истиқболи шоистаи меҳмони олиқадр - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони баргузории чорабинӣ – Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба як лолазори бузург табдил ёфта буд.

Таъкид карда шуд, ки «Сайри гули лола» як рукни таърихии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз буда, эҳёи суннати мазкур дар самти дӯст доштани табиат ва зебоипарастии мардум нақши муассир дорад.

Ба гуфти таърихшиносон, дар гузашта ин ойин дар сарзамини Суғди бостонӣ, Бохтари қадим ва баъзе манотиқи дигар бо номи “Ҷашни гули сурх” хеле шукӯҳманду хотирмон баргузор мегардид.

Тайи солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомати хос доир намудани «Сайри гули лола» дар сатҳи маҳалла, деҳот, шаҳр, ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ нишонаи арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик буда, ташаббускори ин иқдоми басо нек ва дилписанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд, ки пайваста мардумро ба ободонию сабзкорӣ ҳидоят намуда, фарҳанги зебоипарастиро ташвиқу тарғиб мекунанд.

Дар фестивали «Сайри гули лола» ва озмуни вилоятии гулҳо аз ҷониби намояндагони 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёда аз 100 намуди лола, навъҳои гуногуни гулҳои ороишию ҳамешасабз ба намоиш гузошта шуда, ҳамзамон ҳунари рассомону нақшкашон, гулпарварону ороишгарон, ки дар мавзӯи лола бо тарзу услуби хос дар сатҳи хеле баланд офарида шудаанд, муаррифӣ гардид.

Ҳамчунин дар асоси талаботи озмуни вилоятии гулҳо ва фестивали «Сайри гули лола» аз ҷониби донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳои ҳудуди шаҳри Хуҷанд ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ композитсияи адабӣ-фарҳангӣ манзур карда шуда, байни духтарону писарон дар васфи гули лола қироати шеър, байтбарак ва бадеҳахонӣ низ сурат гирифт, ки басо ҷолибу диданӣ буд.

Фестивали «Сайри гули лола» ва озмуни вилоятии «Гулҳо» аз рӯи панҷ номинатсия – «Ороиши беҳтарин», «Гулдастаи беҳтарин», «Икебани беҳтарин», «Рассоми беҳтарин» ва «Гулпарвари беҳтарин» гузаронида шуда, ғолибон вобаста ба талабот, ки дар он истифодаи ҳарчи бештари намуди гулҳо, аз ҷумла гули лола, интихоби композитсияву дизайни ҷолиб, сифати кор ва нашъунамо дар мадди аввал қарор дорад, муайян карда мешаванд. Ба ғолибони озмун диплом, сипоснома ва мукофотпулӣ ба ҳисоби аз 1000 то 3000 сомонӣ супорида хоҳад шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти касбии гулпарварони Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки дар соли равон зиёда аз 300 ҳазор гули лола шинонидаанд, баҳои баланд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ҳудуди боғи мазкур наздики 40 намуди гули лола қад кашидаву шукуфтааст ва бо рангорангиаш ба ин мавзеъ ҳусну таровати бештарро зам намуда, барои тамошои он ҳамарӯза шумораи зиёди сокинон ва меҳмонони хориҷӣ ташриф меоранд.

Дар ҳудуди боғи мазкур, ки наздики 9 гектарро ташкил медиҳад, ҳамзамон беш аз 100 ҳазор бех дигар навъи гул ва зиёда аз 30 намуд дарахту буттаҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шудааст.

Тибқи маълумоти масъулон соли гузашта наздики 70 ҳазор нафар аз ин боғ дидан намудаанд, ки аз ин шумора 10 ҳазор нафарашро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳад.

Имрӯзҳо дар кӯчаву хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳои шаҳр гулҳои лола қад кашидаву шукуфтаанд, ки аз тамошои он кас ҳузуру ҳаловат мебарад. Дар фестивали «Сайри гули лола» ва озмуни вилоятии «Гулҳо» ба ҳунари волои гулпарварони шаҳри Хуҷанд низ баҳои баланд дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки даври якум ва дуюми фестивали «Сайри гули лола» дар сатҳи маҳалла, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо баргузор шуд ва даври сеюми он дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Тавре таъкид карда шуд, ҳадафи асосии баргузории фестивали «Сайри гули лола» ва озмуни вилоятии «Гулҳо» вусъат бахшидани ободонию сабзкорӣ дар шаҳру ноҳияҳо, деҳоту маҳаллаҳо ва инчунин ташвиқу тарғиби фарҳанги зебоипарастӣ дар байни аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОФестивали "Сайри гули лола"
Scroll to Top