Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз суннатҳои бостонии тоҷикон – Иди “Сайри гули лола”, ки нишони посдории фарҳанги ободиву зебоипарварии мост, эҳё гардид. Дар боғи хушманзари ба номи Камоли Хуҷандӣ низ намудҳои гуногуни гули лола кишт гардида, ин мавзеъ ба озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” омода аст.