Наврӯзи навбаҳорон – рӯидан ва шукуфтани аввалин гулҳои баҳорӣ – сабзаю лола, бойчечаку сияҳгӯш аз эҳё шудани табиат, омадани Рӯзи нави Соли нав, баҳори нав мужда мерасонад.
Омадани Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи хуҷастапайро бароятон муборакбод гуфта, умед мекунем, ки Наврӯз ҷовидон бимонад, аз файзу баракоти он Тоҷикистони мо боз ҳам шукуфон ва рӯзгори мардум хуррамтару ободтар гардад.
Наврӯзи байналмилалӣ муборак!!!