Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Модар - офарандаи нуру зебоӣ ва покизагӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба “Рӯзи модар” вохӯрӣ бо занҳои фаъоли шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Модар - офарандаи нуру зебоӣ ва покизагӣ” баргузор гардид.

Омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” И.Иброҳимов чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро бо “Рӯзи модар” шодбош намуд.

Дар чорабинӣ Ф.Усмонова - мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, М.Шарипова - намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, Ӯ.Умаралиева - номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Барандаи Ҷоизаи вилоятии ба номи Бобоҷон Ғафуров, Н.Олимова - ҷонишини омир оид ба корҳои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” иштирок ва баромад намуданд.

Аз ҷумла, дар чорабинӣ Ф.Қодирова - Раиси иттифоқи касабаи коркунони фарҳанг, М.Ғаниева - сарвари Хона-музейҳои ба номи М.Турсунзода ва М.Аминзода, Р.Юлдошев – номзади илмҳои таърих, сарвари осорхонаи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, устодон ва донишҷӯёни Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд, кормандони муассисаҳои фарҳангӣ, донишҷӯён – таҷрибаомӯзони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва намояндагони ВАО-и шаҳру вилоят иштирок доштанд.

Инчунин, дар бурҷи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд намоишномаи аксҳои хотиравӣ аз бойгонии Осорхонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Бонувони зиндагисоз” ба намоиш гузошта шуд.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, арҷу эҳтиром ба модар ва хидматҳову кӯшишҳои беандозаи модар нисбат ба зиндагӣ мебошад.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМодар - офарандаи нуру зебоӣ ва покизагӣ
Scroll to Top