Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Куҳаншаҳри ҳамешаҷавон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо гувоҳи таърих Хуҷанди бостонӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим бо зебоӣ ва шаҳоматаш дар маркази таваҷҷуҳи тоҷирону тадқиқотгарон ва ҷаҳонгардон қарор дошт. Дар асри Х сайёҳ ва ҷуғрофишиноси араб Ибни Ҳавкал, ки 30 соли ҳаёташро ба сайри олам бахшида буд, аз зебоии шаҳр ба ваҷд омада, менависад: “Хуҷанд байни вилоятҳо аз ҷиҳати ҳусну назокат ягона аст”. Ҷуғрофишиноси дигари араб Ал-Муқаддасӣ мефармояд: “Хуҷанд шаҳри пурҳаловатест. Дар ин сӯ аз он дида шаҳри дилкаштаре нест, аз байнаш наҳре ҷорист ва дар шафаташ кӯҳест, ки онро шоирон мадҳу ситоиш мекунанд. Ва дар Шарқу Ғарб зеботар шаҳре аз он нест. Вай мафтункунандаву дилрабост, касонро моту мабҳут месозад ва ба форсӣ онро “дили бибурда” гӯянд”.

Воқеан ҳам, Хуҷанд шаҳри зебову замонавиест, ки сол ба сол зеботару дилработар мегардад. Он дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ буда, миёни онҳо Маҷмааи таърихию фарҳангӣ ва истироҳатии “Қалъаи Хуҷанд” бо Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, боғ ва Хона-музейи Шайх Камоли Хуҷандӣ ҷолиби диққатанд.

Қалъаи Хуҷанд осоре аз замони бостон

Қалъа дар соҳили рости дарёи Сир воқеъ гашта, яке аз объектҳои асосии таърихии шаҳр ба ҳисоб меравад. Онро қалби Хуҷандшаҳр низ меноманд. Ба андешаи бостоншиносон, қалъа асрҳои VI – V – и пеш аз  милод бунёд ёфта, дар асри XIII бар асари тохтутози муғулҳо харобу валангор мешавад. Барқароршавии қалъаро бархе муаррихон ба асри XIII ва баъзеи дигар ба асри XV мансуб медонанд. Айни замон, атрофи онро деворҳои баланди қисман харобгашта иҳота кардаанд. Соли 1999 девори шарқии қалъа, ки мутааллиқ ба асрҳои VIII – X мебошад, тармим шуда, ба он бинои Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нуъмон Неъматов илова шуд. Дар он экспонатҳое, ки дар натиҷаи ковишҳо ба даст омадаанд, ҳифз мешаванд. Гарчанде дар ин ҷо корҳои ҳафриётӣ анҷом ёфта бошанд ҳам, боз тадқиқу пажӯҳиши ҳамаҷонибаро тақозо дорад.

Осорхонаи таърихӣ - равзанае ба дирӯз

Наздик ба як аср мешавад, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд фаъолият дораду бозгӯи роҳи тайкардаи шаҳр дар ҳазорсолаҳо мебошад.  Солҳои 30 – юм Ҳукумати  Шӯравӣ ба масъалаи ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигаҳдории мероси ниёгон таваҷҷуҳи махсус медод ва моҳи июни соли 1931 бо қарори Кумитаи ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд осорхона таъсис ёфт. Аммо бо сабаби он ки бинои алоҳида надошт, муваққатан дар ду толори масҷиди ҷомеи Шайх Муслиҳиддин ҷой гирифта буд. Танҳо моҳи июли соли 2003 бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат сохтмони осорхона оғоз ёфта, соли 2006 мавриди истифода қарор гирифт. Бино бо шакли иморати қадимаи анъанавии муҳофизатӣ бунёд ёфта, аз толори васеи болоӣ ва 5 толори калонҳаҷми зеризаминӣ иборат аст.

Қобили зикр аст, ки фонди нигораҳои осорхона хеле бой буда, шумораи умумии онҳо ба 13607 адад мерасад ва роҳбарият барои боз ҳам зиёд намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Теъдоди зиёди сайёҳон ба ин мавзеи таърихӣ мароқ зоҳир менамоянду танҳо соли сипаригардида беш аз 42 ҳазор сайёҳи дохиливу хориҷӣ онро тамошо кардааст.

Чорбоғи сабзу хуррам

Боғи Камоли Хуҷандӣ чун давоми қалъаи бостонӣ дар паҳлуи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд доман густурдааст. Таваҷҷуҳи ҳар нафари ба ин ҷо меомадаро дарвозаи боғ, ки бо санъати баланди меъморӣ бунёд ёфта, аз 16 сутун иборат аст, ҷалб месозад. Дар даромадгоҳи боғ мағозаи армуғонҳо беҳтарин намунаи ҳунарҳои дастии мардумиро пешкаши сайёҳон месозад. Фазои ором, манзараҳои хушнамо, гулҳои сурху сафед, гулобию нилобӣ ва бунафши он бо дарахтони сабзаш гулшани ботароватеро мемонад.

Бо сайри боғ ба мақбараи шоири бузурги тоҷик – Камоли Хуҷандӣ мерасем, ки гунбади рамзии он сар ба афлок аст. Дар паҳлуи мақбара пайкараи Хоҷа Камол қад афрохта, дар даст як баста авроқ дорад, ки нома ба наслҳои оянда аст. Мушоҳида мекунем, ки шайхи бузургвор дигар аз дарду ҳиҷрон наменоладу нигоҳаш  саршори суруру шодмонист. Зеро бо ҳидояту роҳнамоии Пешвои соҳибхиради тоҷикон хоки муқаддаси марқади шоир аз Табрез ба Хуҷанд оварда шуд. Шоире, ки як умр дар орзуи ёру диёр буд, ба дидорашон шарафёб гашт. Ҳоло оромгоҳи ӯ ба зиёратгоҳ табдил ёфтаву ҳамарӯза садҳо меҳмони дохиливу хориҷӣ ба диданаш меоянд.

 

Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”. №38 (23 641)

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКуҳаншаҳри ҳамешаҷавон
Scroll to Top