Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Атриши миллӣ – сипари боътимод ва кафили амният

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин санадҳо дар таърихи навини халқи тоҷик Қарор “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд, ки он ба бунёди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузошт.

Созмон додани Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохтору воҳидҳои ҳарбӣ, бо таҷҳизот, аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ таъмин намудани онҳо, инчунин таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқӣ дар муддати хеле кӯтоҳ сурат гирифт.

Бисту шаш сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ – ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлоламон ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ иҷро карда истодааст. Дар зарфи беш аз ду даҳсолаи охир артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст.

Хизмат кардан ба Ватан, аслан хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули меҳнати осоишта аст. Зеро Ватан ва миллат ду рукни муқаддасест, ки бидуни онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад. Артиши миллӣ такягоҳи давлат ва сипари миллат аст.

Имрӯз, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони кафили таъмини осоиштагиву суботи кишвари азизи мо эътироф гардида, барои ҳимояи марзу буми мамлакат ҳамеша омода мебошад, ин манзалати бузург моро водор менамояд, ки бо истифода аз чунин шароити хуб, фазои орому осудаи мамлакат дар иҷрои рисолати аслии хеш дар самту соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ кӯшида, баробари ин дар ҷодаи баланд бардоштани маърифати ватандории насли наврас талош намуда, дар канори ин сарбозону афсарони диловари Ватан якҷоя бо истифода аз тавону имконияти хеш дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати ҳамдилӣ ва равнақи корҳои созандагӣ иқдомоти шоёнеро роҳандозӣ намоем.

Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ бо хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монад.

Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ муборак бошад, ҳомиёни шуҷои Ватан!

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАтриши миллӣ – сипари боътимод ва кафили амният
Scroll to Top