Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Диловарони майдони набард

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба 30-солагии баровардани қӯшунҳои маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон, 26-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ – сипари боэътимод ва кафили амният” вохӯрӣ бо ҷанговарони интернатсионалист ва ифтитоҳи намоишӣ дар мавзӯи “Диловарони майдони набард” баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки фарзандони шуҷои Тоҷикистон дар солҳои ҷанги Афғонистон (с.1979-1989) қарзи шаҳрвандӣ ва вазифаи давлатии ба онҳо супоридашударо сарбаландона иҷро намудаанд. Чунин қаҳрамониҳову корнамоиҳои ҷанговарони интернатсионалист ҳеҷ гоҳ аз хотир зудуда нагардида, барои дар руҳияи баланди ватандориву ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намудани насли наврас аҳамияти калон дорад.

Дар вохӯрӣ ҷанговарони интернатсионалист, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ф.Нуруллозода, Консули генералии Федератсияи Россия муҳтарам Варламов А.Н., Раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи фарҳанг, варзиш ва иттилоот Ф.Қодирова, мушовири Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Қосимов А.У., намояндагони муассисаҳои Раёсати фарҳанги МИҲД вилояти Суғд, роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3501-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳассилини мактаби муттаҳидаи техникӣ (ДОСААФ), намояндагони ВАО, кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ҳузур доштанд.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад оғоз гардид.

Омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд” И.Иброҳимов ҷамъомадро ҳусни ифтитоҳ бахшид ва ҳозиринро хайрамақдам намуда, ҳамаи сарбозону афсаронро бо ҷашнашон табрик гуфт.

Муовини Раиси шаҳр Ф.Нуруллозода ҷамъомадагонро шодбош гуфта, қайд намуд, ки бо супориши Раиси шаҳри Хуҷанд М.Муҳаммадзода аз санаи 15-уми январ то 15-уми феврал мулоқоти ҷавонон бо ҷанговарони интернатсионалист баргузор гардида истодааст.

Ш.Шарипов – номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи ватани ДДХ ба номи ак.Б.Ғафуров, ҷанговари интернатсионалист таҳти мавзӯи “Фоҷиа ва шуҷоати ҷанги Афғон”, А.Ҳомидов – генерал-майор, собиқадори қӯшунҳои сарҳадӣ, ҷанговари интернатсионалист бо мавзӯи “Ёде аз қаҳрамониҳои ҳамяроқон”, Усуф Абдулатипов – номзади илмҳои фалсафа, дотсент, сардори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултаи IV Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милиса таҳти мавзӯи “Хизмати ҷанговарони байналмилали вилояти Суғд дар хоки Афғонистон”, К.Содиқов - Раиси Шӯрои иттифоқи собиқадорони ҷанговарони интернатсионалисти вилояти Суғд ба сухан баромада, маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.

Омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” И.Иброҳимов ва омири Осорхонаи таърихии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” М.Бойматов аз тарафи Шӯрои иттифоқи собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист бо медали ҷашнии “30-солагии баровардани қӯшунҳои маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон” мукофотонида шуданд.

Баромади муҳассилини Гимназияи №4 ба чорабинӣ шукӯҳи тоза бахшид.

Консули генералии Федератсияи Россия Варламов А.Н. ва муовини Раиси шаҳр Ф.Нуруллозода лентаи рамзиро бурида, ба толори намоишии “Диловарони майдони набард” ифтитоҳ бахшиданд.

Толори намоиш бо аксҳои қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ ва дорандагони ордени Шараф, лаҳзаҳои ҷангӣ, сару либос, китобҳо, яроқу аслиҳа ва медалу орденҳои шахсӣ ороиш ёфтааст.

Мақсад аз баргузории ин вохӯрӣ бедор намудани ҳисси ватандӯстию ватандорӣ, меҳанпарастӣ ва худогоҳии миллии ҷавонон, тайёр намудани онҳо ба хизмати Ватан-модар, дар ин замина зиёд намудани сафи ҷавонони ихтиёрӣ ба Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДиловарони майдони набард
Scroll to Top