Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

30-солагӣ муборак!

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 15-уми феврал 30-юмин солгарди саҳифаи таърих - баровардани Қӯшунҳои маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз ҷанговарони интернатсионалист ва ҷавонон хотири ҷавонмардони дар хоки Афғонистон ҳалокгардидаро пос медоранд.

Мавриди зикр аст, ки фарзандони шуҷои Тоҷикистон дар солҳои ҷанги Афғонистон (с.1979-1989) қарзи шаҳрвандӣ ва вазифаи давлатии ба онҳо супоридашударо сарбаландона иҷро намудаанд. Чунин қаҳрамониҳову корнамоиҳои ҷанговарони интернатсионалист ҳеҷ гоҳ аз хотир зудуда нагардида, барои дар руҳияи баланди ватандориву ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намудани насли наврас аҳамияти калон дорад. 

Имрӯз бо камоли ифтихор номи сарбозони ватанро ба забон мегирем, корнамоиҳои онҳо барои насли ҷавон намунаи олии ватандӯстӣ ва ҷасорат аст. Бо дастгирӣ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоии тамоми собиқадорони ҷангу меҳнат, хоса ҷанговарони интернатсионалист тадбирҳои судманд ба анҷом расонида мешаванд. Дар радифи ин сиёсати хирадмандона Шӯрои собиқадорон – ҷанговарони интернатсионалист ба иттифоқи тавоно ва мактаби матонат, дарси шуҷоату тарбияти ватандӯстӣ табдил ёфтааст.

Лавҳаҳои ёдбуди шаҳидони ҷанг ҷавононро хушдор медиҳанд, ки дӯстдори Ватан, миллат ва диёри худ бошанд, дар руҳияи эҳтироми калонсолон тарбият ёбанд, ба ахлоқи ҳамида ва ҳушёриву зиракӣ сазовор гарданд. Дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ ва содиқона посбонӣ кардани ҳар ваҷаб марзи он дар асли хеш хизмат кардан ба Ватан аст. Бинобар ин, аз афсарони баландрутба сар карда, то аскарони қаторӣ бояд ҳамеша зираку ҳушёр ва сипари боэътимоди давлату миллати худ бошанд. Хизмати аскарӣ барои ҳар як ҷавон мактаби воқеии ҳаёт мебошад, чунки ин давра ба онҳо сабақи ватандӯстиву ҷавонмардӣ ва обутоби ҷисмонӣ медиҳад.

Хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва дар айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад. Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд хуб дарк намояд, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан – Модар ва халқу давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату халқ зоҳир мегардад.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО30-солагӣ муборак!
Scroll to Top