Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадаф ба 1300 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ санаи 16-уми январ Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ ва омодагӣ ба “Фестивали лола ва таомҳои миллӣ” дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ аз Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд.
Зимни боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Қалъаи Хуҷанд Раиси вилоят Р.Аҳмадзода бори дигар таъкид доштанд, ки бунёди иншоотҳои нақшавӣ ва ободонию кабудизоркунӣ дар мӯҳлати муқарраршуда бо сатҳу сифати баланд ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунин зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳои иншоотҳои бунёдшаванда, рафти корҳои сохтмони иншооти “Таноброҳа” ва омодагӣ ба “Фестивали лола ва таомҳои миллӣ” дар Боғи Камоли Хуҷандӣ муовини Раиси вилоят А.Яъқубӣ, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят Б.Самадӣ, раиси шаҳри Хуҷанд М.Муҳаммадзода, роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд, ороишгарону бостоншиносон иштирок доштанд.