Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Иди мардуми ориёинажод

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5


Мувофиқи маълумоти махзанҳои таърихӣ, иди Сада таърихи беш аз 3000 то 5000-соларо дорост. Калимаи Сада аз забони мардуми ориёии қадим гирифта шуда, Оташро ифода менамояд. Дар таърих аввалин подшоҳе, ки иди Садаро ҷашн гирифтааст ва амалӣ сохтааст, Хушанг мебошад.

Бояд қайд намуд, ки дар аксари сарчашмаҳои ориёиҳо мавҷудияти ҳаётро бо чор омил - ҳаво, хок, обу оташ вобаста менамоянд. Дар ин ҷо омили оташ ифода ва омили гармӣ бар муқобили сардӣ буда, нармиву ҳаловатовариро таҷассум менамояд. Ва боз ҳам дар махзанҳои таъ­рихӣ маҳфуз он ақидае аст, ки иди Сада аз давраҳои Пайғамбарии Зардушт оғоз ёфтааст. Ба ҳар ҳол, иди Сада давраи аз ҳо­лати хунукӣ ва карахтӣ баромадани табиату набототу ҳайвоноти оламро ифода карда, мардум дар охири фасли сармо дар майдонҳои васеъ ҳезум ҷамъ намуда, оташ меафрӯхтанд. Яъне онҳо бо ин васила, боз ба гармӣ, ба рақсу бозӣ, ба хурсандиву хушҳолӣ гузаштанро талқин менамуданд. Аз тарафи дигар, тоҷикон, ки аз қадимулайём мар­думи кишоварз буданд ва то кунун асосан, бо заҳмати хеш маводи истеъмолӣ ва пӯшиданиро ба даст меоваранд, аввалин таблиғкунандагони ин иди ачдодӣ - Сада мебошанд. Яъне баъди қайд намудани иди Меҳргон, баъди ҷамъоварӣ намудани маҳсули кори яксолаи деҳқонон, кишоварзон дар фасли тирамоҳ, баъди гузаштани 90-100 рӯз, боз мебояд барои фаъолияти нави кишоварзӣ камар банданд. Аз ин лиҳоз, иди Сада иди мужда аз тайёрӣ ва пеша намудани корҳои нав дар ҳаёт аст. Ба маънои дигар, бо афрӯхтани оташ дар маҳал ва дар гирди оташ рақсу бозӣ намудан, ин маънои онро дошт, ки инсон баъди сардиву карахтии фасли зимистон, боз ба гармиву хушиҳои зиндагӣ руй оварад. Бо аф­рӯхтани оташ дар назди хонаҳо ва ди­гар ҷойҳои муайян, дар марҳилаи ба фано рафтани фасли зимистон, мардуми зиндадили ориёинажод нишон медоданд, ки бо истифодаи қувваи оташ, бо дили гарму нармашон мардуми оламро ба ободкорӣ, ба меҳру муҳаббат, ба дӯстиву рафоқат ҳидоят менамоянд.

Ҳамин тариқ, бо ҷашн гирифтани иди Сада ниёгони ориёинажод ба ҷаҳониён нишон медоданд, ки онҳо омодаи корҳои нав, фаъолияти пурмаҳсул ва созмондиҳандагони ҳаёти навин ме­бошанд. Аз ин ҷост, ки дар байни идҳои ориёиҳо - Меҳргону Наврӯз иди Сада низ ҷашн гирифта мешуд. Яъне, иди Сада ифодаи камарбандӣ ва омодагӣ ба фас­ли нав дар умри инсонӣ - фасли баҳор ва иди Наврӯз ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол аст ва ба мероси ниёгон бояд арҷ гузорад. Олимон, мутахассисон ва Ҳукумати Тоҷикистон бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки ин иди қадимаи мардумамон дар арсаи олам ва дар Созмони байналмилалии ЮНЕСКО расман қайд гардад. Агарчанде ки иди Сада мероси мардуми тоҷику Машриқзамин аст, вале ба таври расмӣ ин мерос дар арсаи байналмилал қайд нагардидаст. Бинобар ин моро зарур аст, ки ин ҷашни қа­дима ва пуршукӯҳи аҷдодиро сазовор таҷлил намоем ва дар роҳи ба феҳристи Созмони бай­налмилалии ЮНЕСКО ворид на­мудани он қадамҳои устувор гузорем.

Қурбоналӣ Партоев

сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи

ботаника, физиология ва генетикаи

рустании АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон,

доктори илми кишоварзӣ

Рӯзномаи “Тирози ҷаҳон” №5, 16 январи соли 2019

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОИди мардуми ориёинажод
Scroll to Top