Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуҳ ёдгории таърихию фаҳангии вилояти Суғд - Қалъаи Ширини ноҳияи Спитамен, Петроглифҳо-тасвирҳои рӯи санг дар ноҳияи Ашт, Мақбараи Ҳазрати Шоҳ дар шаҳри Исфара, Қалъаи Қаҳ-қаҳа ва мавзеи Чилҳуҷраи ноҳияи Шаҳристон, Қалъаи Хуҷанд, Маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин ва Мақбараи Ҳазрати Бобо дар шаҳри Хуҷанд, мадрасаи Абдулатиф Султон (Нуҳ Гумбаз)-и шаҳри Истаравшан ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим аз гузаргоҳи минтақавии «Фарғона-Сирдарё» пешниҳод карда шудааст.
Аз ин лиҳоз дар доираи сафари корӣ намояндагони Маркази мероси умумиҷаҳонии Дафтари минтақавии ЮНЕСКО бо ҳамроҳии Лю Ҷоу-профессори донишгоҳи Синхуа, ки роҳбари гурӯҳи кории Маркази байналмилалии нигоҳдошт ва консерватсияи Дафтари минтақавии ЮНЕСКО мебошад, дар радифи дигар ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ аз Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” низ дидан намуданд.
Ба меҳмонон аз ҷониби мутахассисони Осорхонаи таърихии вилояти Суғд сайри илмии осорхонавӣ гузаронида шуд. Сараввал, онҳо аз таърихи таъсисёбии осорхона маълумот гирифта, сипас бо толорҳои экспозитсионӣ шинос шуданд.
Бояд гуфт, ки бештар диққати меҳмононро бозёфтҳои шаҳраки Панҷакенти бостонӣ, деворнигораҳои Панҷакент, намунаи либосҳои занонаву мардона, китобу дастхатҳо ва нигораҳои нодир ҷалб намуданд.
Лю Ҷоу-профессори донишгоҳи Синхуа ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи таърихии вилояти Суғд таассуроташро қайд намуд.
Ҳамчунин меҳмононро муовини Вазири Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода, аъзоёни Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Н.Раҳимов-доктори илмҳои таърих, профессор ва М.Файзуллоев-номзади илмҳои таърих ҳамроҳӣ доштанд.
Бояд қайд кард, ки Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият соли 2008 таъсис ёфта, ҳадафи асосии он ҳифзи суннатҳо ва арзишҳои халқҳои гуногуни олам мебошад. Аз оғози таъсисёбиаш то ба имрӯз 509 номгӯй урфу одатҳо ва ҳунарҳои миллӣ аз 122 кишвари дунё ба ин руйхат ворид карда шудааст.
Қалъаи Хуҷанд бо арк-кремл-қасри ҳоким, қасри шоҳ дар замони давлати Каёниён - эрониёни шарқӣ бунёд гардидааст. Ковишҳои археологӣ осори моддии ин шаҳрро бо дизу шаҳристонаш, ки мутааллиқ ба асри VII то милод аст, дар соҳили чапи Сирдарё ошкор карданд. Бозёфтҳои археологӣ – сафолоти хуму кӯзаҳо, косаву ҷоми сафолӣ, дарёфт шудани хуми калонҳаҷми ғалланигоҳдорӣ (11 хуми архаикии калон), ғаллакӯбҳо ва ӯғурҳои сангӣ, қисмҳои олоти бофандагӣ ва ғайра шаҳодати онанд, ки ғаллаистеҳсолкунӣ ва захиракунии маводи хӯрока, бофандагиву кулолгарӣ ва хоҷагии кишоварзиву ҳунармандии шаҳриён ба роҳ монда шуда будааст.
Куҳандизи Хуҷанд ҳам ҳуҷуми арабҳо (асрҳои VIII-IX), ҳам давраи Сомониён, ҳам гумоштаҳои сулолаҳои Қарахониёну Салҷуқиёнро (асрҳои XI- XII) аз сар гузаронидааст.
Дар асри XIV-ибтидои асри XV куҳандизу арки ҳоким чун ҷои бинои ҳукуматӣ монд. Асрҳои баъдина куҳандиз бо Аркаш қароргоҳи ҳокимон буд. Баъди Хуҷандро ишғол намудани лашкари ҳукумати подшоҳии рус (24 майи соли 1866) дар дохили Қалъаи Хуҷанд аскарони ҳукумати подшоҳӣ ҷойгир кунонида шуданд. Он ҷо бинои сардори коменданти ҳарбӣ ва истиқоматгоҳи аскарон, сардори музофоти Хуҷанду конселярияи он низ ҷойгир буданд.
Алҳол Қалъаи Хуҷанд муаррификунандаи таъриху фарҳанги волои халқи тоҷик барои тамошобинон, сайёҳони дохилӣ ва хориҷи кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин бо ҳидоят ва роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд лоиҳаи азнавсозии мавзеи таърихии мазкур ба роҳ монда шуда истодааст.