Шумораи навбатии “Ахбор”-и осорхона барои муҳаққиқон ва дӯстдорони таърих, фарҳангшиносон, осорхонашиносон, донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсус пешниҳод гардид. Маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масоили марбут ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик бахшида шудааст.
Ахбори мазкур бо қарори Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” чоп мешавад.
Дар маҷмӯа мақолаҳои 4 нафар докторони илм, 5 нафар номзадҳои илм, таърихшиносон, осорхонашиносон, устодону унвонҷӯёни донишгоҳҳои олӣ, кормандони илмии осорхона нашр гардидааст.
Маҷмӯа аз 28 адад мақола иборат буда, фарогири 256 саҳифа мебошад. Маҷмӯаи номбурда дар нашриёти “Ношир” соли 2018 ба табъ расидааст.