Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Шӯъбаи нав дар Қалъаи Хуҷанд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 

Бинобар аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Муассисаи давлатии "Маҷмааи фарҳангию таърихии "Қалъаи Хуҷанд" тасмим гирифт, баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат шӯъбаи сайёҳӣ ташкил диҳад. Фаъолияти шӯъба дар асоси Иҷозатномаи Комиссияи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №21 аз 25 декабри соли 2018 ба роҳ монда шуд. Мақсад аз созмон додани шӯъба муаррифии мавзеъҳои таърихӣ, вусъат бахшидан ба корҳои сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони дохил ва хориҷ мебошад, зеро мутахассисони соҳавӣ барои муаррифии мавзеъҳои таърихӣ - фарҳангӣ дар маҷмаа фаъолияти кофӣ доранд.

Алҳол шӯъба бо якчанд ширкатҳои бонуфузи сайёҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла: Ориент Эдвантур, Панҷакент Интур, Хуҷанд Помир Тревел, Ассосиатсияи Тараққиёти Зарафшон ва Тоҷикистон Тревел ҳамкориро вусъат бахшида истодааст, ки мисоли равшани он зиёд шудани теъдоди сайёҳони дохилӣ ва хориҷи кишвар мебошад.

Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” имрӯзҳо ба зиёратгоҳ табдил ёфта, ҳар рӯз ҳазорҳо тамошогарон аз он дидан ба амал меоранд. Дар соли 2018, ки “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида буд, аз ҳудуди Маҷмааи фарҳангию таърихии "Қалъаи Хуҷанд" кордори сафорати ШМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кейвин Ковекс, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Найтхарт Хёфер Виссинг, ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков, иштирокчиёни фестивали ҷавонон бо номи "Овози дӯстӣ", намояндагони Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва давлатҳои ҳамкориҳои Шанхай бо роҳбарии Аҳмадзода Дилноза - муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокдорони анҷумани соҳибкорони бурунмарзӣ дар ш.Хуҷанд, Дастаи футболи "Динамо" ва аҳли фарҳангчиёни вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Шайх Саид  Ибн Абдуллоҳ Алмуаҷиб, Аъзои ансамбли нафасии Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидан намудаанд.

Ҳамаи меҳмонон ва сайёҳони ба маҷмаа ташрифоварда, аз манзараҳои зебою дилошӯби ҳудуди Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ таассуроти нек бардошта, аз тарафи мутахассисон мавзеъҳои таърихӣ муаррифӣ карда шуд.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОШӯъбаи нав дар Қалъаи Хуҷанд
Scroll to Top