Санаи 9.01.2019 ҷаласаи Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бо иштироки аъзоён ва кормандони илмӣ бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти осорхона дар соли 2018 ва тасдиқи дурнамои фаъолияти корӣ дар соли 2019 баргузор гардид.
Омири осорхона Бойматов М. ҷаласаи Шӯрои илмиро ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро бо рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои илмӣ шинос намуданд.
Рӯзномаи ҷаласа иборат аз ҳисоботи солонаи Шӯрои илмии осорхона, пешниҳоди лоиҳаи нақшаи дурнамои Шӯрои илмии осорхона барои соли 2019, пешниҳод ва тасдиқи ҳайати аъзоёни Шӯрои илмӣ дар соли 2019.
Аз рӯи масъалаи аввал Олимова Н. ҷонишин оид ба корҳои илмӣ маърӯзаи ҳисоботӣ пешниҳод намуда, изҳор доштанд, ки соли сипаригашта дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 4 маротиба ҷаласаҳои Шӯрои илмии осорхонаи таърихӣ баргузор гардида, нақшаи фаъолияти кории маҷмаа дар соли 2018, барнома ва нақша – чорабинии муассиса бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, матни мақолаҳо ва сайри илмии мавзӯии кормандони илмӣ, сенария ва нақшаи гӯшаҳои намоишӣ муҳокима ва тасдиқ карда шуданд.
Бо мақсади ғанӣ гардонидани маъхази осорхона 5 ҷаласаи харидории назди маъхази осорхона баргузор гардида, 226 адад ашёи арзиши таърихӣ – фарҳангӣ дошта харидорӣ карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ 3 маротиба вохӯрӣ дар осорхона, 5 маротиба конфронси илмӣ, 19 маротиба намоиш дар осорхона ва 10 маротиба намоиши сайёр ташкил карда шуданд.
Нашри навбатии Ахбори илмии осорхонаи таърихӣ №4 ба табъ расид, ки он фарогири мақолаҳои 4 нафар докторони илм, 4 нафар номзадҳои илм- устодони донишкадаҳои олӣ, кормандони осорхонаи вилоятӣ ва осорхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят мебошад.
Кормандони илмии осорхона вазифадор карда шуданд, ки барои нашри навбатии Ахбори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд №5 мақолаҳо ва маводҳои пурмазмуни илман асоснок омода намуда, дар соли 2019 нашри навбатии Ахбори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд №5 ба роҳ монда шавад.
Раиси Шӯрои илмӣ Бойматов М. баромад намуда, оид ба лоиҳаи дурнамои нақшаи корӣ барои соли 2019, рӯйхати аъзоёни Шӯрои илмии осорхонаро барои муҳокима пешниҳод намуданд. Аъзоён бо дархосту пешниҳодҳо нақшаи фаъолияти кории осорхонаро барои соли 2019 ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории рӯйхати аъзоёни Шӯрои илмӣ овоз доданд.