Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ибтидои роҳ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ба ифтихори эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва 20-солагии фаъолияти эҷодии  рассом, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аъзои Иттифоқи рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуазиз Абдураҳмонов дар Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”  расми кушоди намоиш таҳти мавзӯи “Ибтидои роҳ”  доир гардид.

Дар чорабинӣ муовини сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Парвина Рустамова,  Раиси бахши Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Насиба ЭшоноваШоири Халқии Тоҷикистон Фарзона,  ҷонишини директори Коллеҷи санъати ба номи С.Ҳофиз Н.Каримов, директори МД “Суғдсинамо” ба номи К.Ёрматов Муҳиддини Музаффар, Академик, Муовини раиси бахши Академияи мусаввирон дар вилояти Суғд Ҷаборов Абдураҳим, номзади илми педагогӣ, дотсенти кафедраи шӯъбаи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Салимбой Ҳасанов, устодон ва донишҷӯёни факултети санъати ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, ВАО-и шаҳру вилоят ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ҳузур доштанд.

Ҷамъомадро омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд М.Бойматов ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба толорҳои зебои Осорхонаи таърихии вилояти Суғд хайрамақдам намуданд. Сипас ҳамагонро бо ҳаёт ва фаъолияти Абдуазиз Абдураҳмонов шинос карда, зикр намуданд, ки дар офаридаҳои рассом ҳамаи жанрҳои санъати тасвирӣ нишон дода шудааст.

Насиба Эшонова - Раиси бахши Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Салимбой Ҳасанов – номзади илми педагогӣ, дотсенти кафедраи шӯъбаи тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, Муҳиддини Музаффар – директори МД “Суғдсинамо”, Н.Каримов – ҷонишини директори Коллеҷи санъати ба номи С.Ҳофиз,  С.Саидисломов – омӯзгори Коллеҷи санъати ба номи С.Ҳофиз ва ҳамкорону шогирдони рассом А.Абдураҳмонов табрик намуда, тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Сипас бо буридани лентаи рамзӣ ҳамагон вориди толори намоишӣ гардида, бо офаридаҳои рассоми эҷодкор Абдуазиз Абдураҳмонов ошноӣ пайдо карданд. Оҳанги форами дилнавози созҳои миллии мусиқии навозандагони устодону донишҷӯёни Коллеҷи санъати ба номи С.Ҳофиз ба чорабинӣ рангу таровати тоза бахшид.

Толори намоишӣ  бо 45 адад офаридаҳо ороиш ёфта,  давоми як моҳ ба тамошобинон пешкаш карда мешавад.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОИбтидои роҳ
Scroll to Top