Маъмурияти Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бо камоли эҳтиром ҳамаи шаҳрвандон ва меҳмонони Хуҷандшаҳрро бо фарорасии Соли Нави милодӣ табрику муборакбод намуда, тани сиҳату хотири ҷамъ, умри дарози бехазон, осудагию сарбаландӣ ва комёбиҳои беназирро орзу менамояд.
Бигзор то соли дигар хирмани деҳқон пурбор, ризқатон барчош, хонаатон обод, дилатон шод бошад.
Соли Нав бароятон ҳамчун соли пур аз пешравиҳо ва амалӣ шудани тамоми орзую ниятҳои некатон гашта, ҳамзамон бахту иқболи баланд оварад.
Бо чунин таманниёти нек бори дигар фарорасии Соли Нави 2019-ро бароятон таҳният гуфта, дастоварду музаффарият, дастурхони пур аз нозу неъмат ва саломатию хотирҷамъиро таманно менамояд.
Меравад соли куҳан роҳаш сафед,
Хушсафо нахли Ватан роҳаш сафед.
Файзовар, нусратовар, хушнасим,
Ҳамчу гулҳои чаман роҳаш сафед
Соли нав муборак бошад ҳамватанони азиз!!!