Тамаддуни инсонӣ дар асоси пайдо шудани шаҳру деҳот ба таври эволютсионӣ – таҳаввулот рушду такомул ёфтааст. Зебопарастии инсон натиҷаи ба олами маънавӣ пайвастани ҳаёт аст. Парастиши неъматҳои моддӣ ва маънавӣ барои инсон хос мебошад ва аз ин ҷост, ки ҷамъият наметавонад бо шиками сер қаноатманд бошад. Аз ин рӯ, маълум мебудааст, зистан барои дӯст доштан, ба ваҷд омадан, ошиқ шудан, обод кардан ва аз самараи меҳнати худ фараҳманд шудан будааст. Бинобар ин, аз замонҳои қадим парастиш намудани ҳар як чизи зебо инсонро ба сатҳи баланди маънавиёт ва рисолаташ мерасонад. Мафҳуми калимаи тоҷикро бе боғу бӯстонҳо, чаманистонҳо, шеъру ғазалҳои диловез, таронаҳои ошиқона ва табиати шоирона тасаввур карда намешавад. Боғдорӣ, гулпарварӣ, меъморӣ, рассомӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, наққошӣ ва даҳҳо дигар ҳунарҳои халқӣ маҳсули пурэъҷози мардуми тоҷик аст. Дар баробари ин пайвастани ҳунари зебо бо маънавиёт арзиши ҳикмату ҳунарро дар дили халқ сарсабзиҳо бахшидааст.
Хушбахтона, баъд аз истиқлол расидани Тоҷикистон бо ибтикори судманди президенти кишвар мо ба эҳё кардани суннатҳои миллӣ оғоз кардем. Дар тӯли 27-соли истиқлолият Тоҷикистон ба як кишвари шукуфони пешрафта мубаддал гашт, ки самараҳои онро на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки оламиён ҳам эҳсос кардаанд. Дар солҳои охир Тоҷикистон дар қатори дигар соҳаҳои хоҷагии халқ инчунин ба фарҳангу санъат аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд, аз ин рӯ дар ҷумҳуриамон сохта шудани қасрҳои фарҳанг, варзишгоҳҳо, боғҳои фарҳангӣ – истироҳатӣ ба як тамоюли наҷиб мубаддал гашта истодааст. Боғҳои фарҳангӣ – истироҳатии Тоҷикистон баъд аз истиқлолияти миллӣ ба таври ҷиддӣ азнавсозӣ шудаанд ва онҳо дар ҳақиқат ҳам аз лиҳози зебоӣ, сарсабзӣ, шукуфоӣ, фараҳбахшӣ шоистаи ваҷду ситоиш ҳастанд.
Ба сайри боғи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд меравем. Боғи фарҳангӣ – истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар бари рӯди Сир соли 1924 ташкил ёфтааст.
Боғи навсозшудаи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо пайкараи ӯ, мақбара ва хонаю чорбоғи рамзии ин шоири ширинкаломи тоҷик, ки оромгоҳи воқеияш дар шаҳри Табрез қарор дорад, дар шаҳри Хуҷанд 21-уми марти соли 2015 ифтитоҳ ёфт. Азнавсозии боғи Камоли Хуҷандӣ соли 2014 бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд.
Дар сохтмони хонаи асримиёнагии Камоли Хуҷандӣ се гурӯҳ устоҳои ватанӣ, аз ҷумла кандакорони болои чӯбу гаҷ, наққошону рассомон, бурёбофон ва дигар ҳунармандон давоми як сол кор кардаанд. Дар тарафи рости дарвозаи боғи Камоли Хуҷандӣ пештар меҳвари сангине сохта шуда буду акнун дар он ҷо гирифтааст, ки асосаш аз мармари сиёҳи чоркунҷа буда, аз нӯҳ самт ишорат мекунад, ки аз мармари сафед аст. Дар боғ инчунин, ҷӯйи Раззоқ сохта шудааст, ки сангҳои он аз дарёи Вахш оварда шуда, бозгӯй аз ваҳдати миллӣ ва дӯстию ҳамбастагии мардуми Тоҷикистон аст. Бо ҳунари дастони устоҳои чирадаст аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара ҳуҷраҳои ҳудуди боғ ва се айвон бо кандакорӣ ва нақшу нигори зебо оро ёфтаанд. Дар ин ҷо ҳеҷ чиз бегона нест, яъне танҳо дар олами афсонавӣ, инчунин дар фазои таърихи қадим худро эҳсос мекунем. Ҳама ҷо сабзу хуррам, чаманҳо шукуфон, фаввораҳо сероб, роҳравҳо серсоя, сабзаҳои махмалин ба дидаву рӯҳи инсон лаззату фараҳ мебахшад. Дар боғи Камоли Хуҷандӣ ҳар як бинанда шоҳиди он мегардад, ки суннатҳои қадими боғдории тоҷикӣ бо боғдории ҷаҳонӣ ба таври замонавӣ ба ҳам пайваст омада, тамошобинонро мафтун мекунад...
Шодрӯз Аттоев
ходими калони илмии шӯъбаи фаъо-
лияти иҷтимоӣ – фарҳангии ПИТФИ
Рӯзномаи Баҳори Аҷам, №36 (475) 18 декабри соли 2018