Дар давоми фаъолияти соли 2018 бо мақсади ғанӣ гардонии маъхази осорхона 5 ҷаласаи харидории назди маъхази осорхона баргузор карда шуда, ба миқдори 401 адад ашёи арзиши таърихӣ-фарҳангӣ дошта қабул карда шуд. Аз он 226 адад харидорӣ ва 175 адад тариқи ройгон ба маъхази осорхона ворид карда шуданд.
Дар байни ашёҳои таърихӣ-фарҳангии харидорӣ кардашуда – зарфи мудаввари сарпӯшдори аз мис сохта шуда хеле ҷолиб, диққатангез буда, дорои арзиши фарҳангӣ мебошад. Зарфи мазкур бо номи “нондон” дар байни мардуми Осиёи Марказӣ, аз ҷумла халқи тоҷик маъмул буд. Зарф аз сарпӯши қуббадор, ду дастаки ҳалқамонанд зеб дода шуда иборат буда, сар то сар бо услуби нақши ислимӣ ва ҳандасавӣ ҳаккокӣ карда шудааст. Зарф ба асри XIX аввали асри XX тааллуқ дорад.