Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Зинати боғ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5


             Туя буттаи ҳамешасабз буда, баъзан то 70 метр қад мекашад. Он нигоҳубини махсусро талаб намекунад. Ба чангу ғубор ва хунукиҳои сахт тобовар аст. Онро барои ороишот ва сабзу хуррам гардонидани маҳалли зист истифода мебаранд.

         Можевелник як навъ дарахти ороишӣ аст. Онро аз қадимулайём дар соҳаи тиб низ истифода мебаранд. Ин дарахтро дар соҳаи қаннодӣ низ кор фармуда, бештар ба хӯрокҳои скандинавӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ ҳамроҳ менамоянд.

         Каштан дарахти дӯстдори иқлими мӯътадил буда, нисбатан тез месабзад. Мевааш аз карбогидрат ва сафедаҳо бой буда, онро ба маҳсулотҳои ордӣ илова менамоянд. Ин дарахт дар тамоми фасли сол сабзу хуррам буда, нисбат ба дарахтони дигар дар боғҳо мавқеи баланд дорад.

         Ин маълумотро мо ба он хотир пешниҳод менамоем, ки дар Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ ин навъ дарахтон вомехӯранд. Ба наздикӣ боз 146 адад дарахтони сояафкану ороишии калонҳаҷм шинонида шуданд, ки онҳо ба ҳусни боғи мо таровати дигар зам намуданд. Чи тавре ки директори Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ Шодибеков А.Қ. мегӯянд: “Дар боғ наздик 3200 адад дарахту гулбуттаҳои сояафкану ороишӣ нашъунамо доранд. Алҳол боғбонҳо тамоми кӯшишу ғайраташонро барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни байналмилалии Наврӯз ва фестивали “Сайри гули лола” равона намудаанду дар ин самт корбарӣ идома дорад”.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЗинати боғ
Scroll to Top