Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ЭҲЁГАРИ ҲУВИЯТ ВА ФАРҲАНГ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Маърӯзаи Хоҷаева М.

мудири шӯъбаи таърихи давраи муосири МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

дар конфронси илмӣ бахшида ба Рӯзи Президент

 

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расман Пешвои миллат эълон намуд ва бо ин амр саҳифаи тозаеро дар таърихи давлатдории навини тоҷикон боз кард.

Ин иқдоми вакилони халқ, ки пеш аз ҳама аз ташаббус ва иродаи мардуми тоҷик, дарку маърифати амиқи ҷомеа аз талош ва хидматҳои Сарвари давлат дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ сарчашма мегирад, шоистаи истиқбол аст. Зеро Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари сулҳофарин, шахсияти бедордил ва дӯстдори халқ ва фарҳанги пурғановати хеш ҳанӯз аз оғози фаъолият нахустин иқдоме, ки пеша гирифт, такя бар эътимод ва боварии мардум буд. 

Андешаҳо ва раҳнамоиҳои Сарвари давлат парвариши судманди ифтихори миллӣ ва ватандориро дар се асл воҷиб медонад. Асли аввал ибратгирӣ аз таъриху фарҳанги пуршебу фароз, вале ифтихоромез ва таъсирбахши гузашта, асли дуввум забони куҳан ва пуриқтидори модарӣ ва асли саввум сарнавишти чеҳраҳои баргузидаи таърихиву фарҳангӣ мебошанд.

Сарвари давлат нахуст диққати мутахассисон, фарҳангиён, коршиносон ва дар  маҷмӯъ ҷомеаро ба омӯзиш ва фарогирии решаҳои фарҳанги давлатдории тоҷикон ҷалб карда, дар ин замина ба шинохт ва арзёбии тоза ва ҳадафманди таърихи миллат муваффақ шуд. Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих: аз Ориён то Сомониён» собит кард, ки асли таърихи ин миллатро «фаъолияти олии маънавӣ»  ташкил медиҳад. Пешниҳоди таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён ифодагари решаҷӯии Пешвои миллат аз наслу насаб ва ба хидмати имрӯз кашидани арзишҳои фарҳангии гузаштагон мебошад. Бузургдошти ёди фархундаи таърихӣ ва фарҳангии Сомониён дар замони истиқлолият зинда кардани таърихи миллат буд. Зеро маҳз Сомониён буданд, ки нахустин давлати муттамаркази тоҷиконро бунёд карданд. Асоси низоми давлатдорӣ, иқтисоду фарҳанг ва пешрафтро гузошта, забони форсӣ - дариро забони давлатӣ эълон доштанд. Мардуми тоҷик дер боз дар қалби худ ба садоқату ҷоннисориҳо, сулҳу ваҳдатофаринӣ, фарҳангофаринии Президенти кишвар баҳои баланд дода, миёни худ ӯро  «Пешвои миллат» меномиданд.

Фаъолияти Пешвои миллат, Президенти кишвар дар рушди фарҳанг гуногунпаҳлӯ буда, аз таваҷҷӯҳ ба бунёди иншоотҳои фарҳангӣ, барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ, қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, тарғиби он дар кишварҳои хориҷӣ тавассути баргузории чорабиниҳои байналмиллалӣ ва сафарҳои ҳунарӣ, тайёр кардани кадрҳо ва муҳайё сохтани заминаи моддиву маънавии рушди самтҳои гуногуни фарҳанг иборат аст. Зеро этноси тоҷик чун вориси пайванди ногусастании ориёиҳо, умумиэронӣ ва эронитабор буда, ба сандуқчаи зулбиёи тамаддуни инсонӣ чун ситораи дурахшон саҳми назаррас гузоштааст, ба Пешвои миллат аён буд.

Бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат бахшида ба фарзона фарзандони миллат, аз қабили 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000-солагии Носири Хисрав , 675-солагии Камолӣ Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абӯҳанифа, 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 100-солагии Бобоҷон Ғафуров, 150-солагии Нақибхон Туғрал ва санаҳои таърихиву фарҳангии 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори Шодмон ва дигарҳо дар сатҳи байналмиллалӣ таҷлил гардиданд. 

Мақсади асосии баргузидаи чорабиниҳо агар рушди фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа бошад, мақсади дигари он рушду нумӯи инфрасохтори шаҳрсозӣ, ободии навоҳӣ мустаҳкамсозии пойгоҳи фарҳангиву маънавӣ, бунёди биноҳои наву замонавии иҷтимоию фарҳангӣ мебошад. Дар ин радиф иншоотҳои зиёди фарҳангӣ аз қабили Кохи фарҳанг, Китобхона, Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» “Истиқлол”, Мамнӯъгоҳи Қалъаи Ҳисор, Боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ғайраҳо сохта ва ба истифода дода шудаанд, ки имрӯзҳо дар онҳо чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ баргузор мегарданд. Сиёсати фарҳангдӯстии сарвари давлат дар самти дастгирии расму оинҳо ва анъанаҳои миллии ниёгон натиҷаи хуб ба бор овардааст. Эҳёи фарҳанги миллӣ дар кули манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, намунаҳои эҷодиёти бадеии халқ, аз ҷумла чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кандакории рӯи чӯб, гаҷкорӣ, кашидадӯзӣ, қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва дигар намудҳои анъанаҳои миллӣ эҳё карда шудаанд.

Дастоварди ҳунармандони тоҷик дар намоишгоҳҳои дохилу ҳориҷи кишвар ба маърази тамошо гузошта мешаванд ва сазовори ҷоизаю мукофотҳо мегарданд. Инчунин барномаи чорабиниҳои фарҳангӣ дар миқёси ҷумҳурӣ аз нав рушд ёфт. Аз ҷумла, Фестивали байналмиллалии дастаҳои ҳунарии касбии этнографии «Садои дилҳо» бахшида ба «Соли тамаддуни ориёӣ», Фестивал-озмуни эҷодиёти бадеии халқ «Андалеб», «Чакомаи Гесӯ», фестивал-озмуни “Иди атлас”  «Оши палав» ва дигарҳоро метавон ном бурд, ки суннатҳои миллиро эҳё ва рушд медиҳанд.

Вобаста ба ин бо ибтикори Президенти кишвар чорабиниҳои сатҳи байналмиллалии фарҳангӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо садҳо сиёсатмадорон, олимону фарҳангиёни хориҷа ширкат ва суханронӣ намуданд. Инчунин Тоҷикистон ба ташкилотҳои бузурги байналмиллалӣ узвият пайдо кард, ки он дар тарғиби намунаҳои гуногуни фарҳанги моддӣ ва маънавӣ мусоидат менамояд ва ёдгории Бостонии Саразм, Боғи миллии кӯҳҳои Помир дар   Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳангии ғайриманқули умумиҷаҳонии ЮНЕСКО  ворид карда шуданд.

Имрӯз тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳон, созмонҳои мӯътабартарину пешбари дунё чун миллате пазируфтаанд, ки дар заминаи тамаддуни оламгир ва дар ҳамбастагии оқилонаву пурдилона бо қавму миллатҳои сокини кишвар роҳи созандагиро пеш гирифтааст. Ғолибан таҷлили Рӯзи Президент, ҳамзамон бо таҳкими худшиносиву ватандорӣ ба тавсеаи маърифати сиёсии шаҳрвандон таъсири мусбат гузошта, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва андешаи давлатмеҳварӣ дар ниҳоди мардумро тақвият мебахшад.  Ҷашни Рӯзи Президент ба навбати худ дар роҳи боло бурдани худшиносиву худогоҳӣ, рушди давлатдории миллӣ фоли нек ва дорои аҳамияти вижа  хоҳад буд.

Маҳз хидматҳои Сарвари давлат буд, ки  мо мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтем. Пас месазад,  ки бо ҳузури Пешвои миллии хеш дар асри ҷаҳонишавӣ бо ҳисси ифтихор аз тоҷику тоҷикистонӣ будан роҳи рӯшану фардои миллатамонро мунаввар нигоҳ дорем.

Дар осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар намоишгоҳи даврони «Тоҷикистони соҳибистиқлол»  гӯшае созмон дода шудааст, ки  ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Дар он асарҳои эҷодкардаи Президенти кишвар ва аҳли зиё дар солҳои Истиқлолият ба маърази тамошобинон гузошта шудаанд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОПЕШВОИ МИЛЛАТ-ЭҲЁГАРИ ҲУВИЯТ ВА ФАРҲАНГ
Scroll to Top