Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ, ки дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” баргузор мегардад, ин навбат аҳли фарҳанги шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд, ки ба рӯзҳои таҷлили тантанаҳои Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи чархаи нахустини иншооти аср – Нерӯгоҳи Барқи Обии Роғун рост омад.
Аз фестивал-озмун Раиси шаҳри Хуҷанд М.Муҳаммадзода ва ҳайати ҳамроҳонашон дидан карда, ба маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва маҳаллаҳои ҳунармандӣ, ки дар хаймаҳои алоҳида ба намоиш гузошта шуда буданд, баҳои баланд доданд. Ҳамчунин хонаи арӯси хуҷандӣ ҷиҳозонида шуда, анъанаи қадимаи маросими арӯсбиёрон муаррифӣ карда шуд. Дар фестивал кулли муассисаҳои фарҳангӣ, муассисаҳои мактабӣ, томактабӣ, донишгоҳҳои олии дар шаҳри Хуҷанд фаъолиятдошта, фаъолона иштирок доштанд.
Барномаи фарҳангии омоданамудаи аҳли фарҳанг дар мавзеи Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ хеле ҷолибу хотирмон буд ва писанди сокинону меҳмонони Хуҷандшаҳр гардид.