Ҳудуди Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд дорои ёдгориҳои беназири таърихӣ мебошад.
Дар даҳаи аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ дар ҳудуди ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров аз ҷониби талабаи синфи 7-уми МТМУ №5 Саидов Абдуқаюм истиқоматкунандаи кӯчаи Ҳайдарбой Иброҳимов №28 ҳангоми кофтани чуқури дар полези назди ҳавлигӣ аз чуқурии 1,5-2 метр се хумро дарёфт намуд. Дар ин хусус падараш Саидов Саидҷон ба маъмурияти Осорхонаи таърихии вилояти Суғд муроҷиат намуд.
Масъулини осорхона Бойматов М., Турсунов И. ба макони бозёфт ҳозир шуда, ҷои бозёфтро аз назар гузарониданд. Маълум гардид, ки се адад хумҳои сафолии дар зери хок буда, андозаи хуми якум тахминан баландӣ 90 см, диаметри даҳана 31 см, гирди давра 2-2,15 м мебошад ва шаклаш байзамонанд аст. Андозаи хуми дуюм баландӣ 105 см, диаметри даҳана 31 см мебошад. Ҳар ду хум дар ҳолати ба як паҳлӯ хобонидашуда аз қабати хок ёфт шудаанд. Аз сабаби қабати замин намнок ва лой будан гирифтани хумҳо мушкил гардида, ҳангоми ковиш осеб дидаанд. Хуми сеюм тамоман шикаста аст. Дохили хумҳо пур аз хок мебошанд. Қаблан аз ин макон ду хишти пухта дарёфт шуда буд ва яке аз онҳо ба осорхона дастрас гардид. Чуноне, ки маълум аст хумҳои сафолӣ маҳсули ҳунари кулолгарони маҳаллӣ мебошанд ва аз қадимулайём дар рӯзгори мардуми тоҷик барои захираи об, равған, ғаладона истифода мешуданд. Инчунин то давраи ислом чунин зарфҳо барои мурдадафнкунӣ истифода мебурданд. Ин бозёфт мероси ниёгон маҳсуб ёфта, аз ҳунари кулолгарӣ маълумот медиҳад.