Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Пешвои миллат - таҳкимбахши сулҳу ваҳдат

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 

Дар Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – таҳкимбахши сулҳу ваҳдат” доир гардид.

Конфронсро омири кулли муассиса Иброҳимов И.С. оғоз карда, меҳмононро муаррифӣ намуданд. Ҳамчунин таъкид доштанд, ки “Таҳқиқи амиқ ба таърихи наздик ба 27-соли сӯхтанҳову сохтанҳои мо, дар ҳақиқат, худ ба мисли оина хидматҳои бузургу бемисли Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони раҳнамо, ҳидоятгар мушкилкушо ва наҷотбахш рӯшан мекунад, ки ин чеҳраи сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ воқеан дар қалбу андешаи мардум аллакай ҳукми як Пешвои ҳақиқии миллатро соҳиб шудааст”.

Ф.Усмонова - мутахассиси пешбари маркази илмӣ - методии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд дар мавзӯи “Рӯзи Президент – нишони садоқат ба давлату миллат” маърӯза намуда, зикр доштанд:  “Эмомалӣ Раҳмон – Қаҳрамони Тоҷикистон. Қаҳрамоне, ки ният ва маромашон ҳамеша некхоҳи мардум будан аст”.

 Дар маърӯзаи навбатӣ таҳти унвони “Пешвои миллат ва таҷрибаи сулҳу ваҳдати тоҷикон” Набиев В.М. - доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи ватан ва археологияи факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров аз вазъи Тоҷикистон дар ибтидои ҷанги шаҳрвандӣ сухан карданд. Барои аҳли нишаст аз корбариҳои Президенти кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ нақл намуданд.

“Рӯзи Президент рамзи эҳтиром ва садоқат”- доир ба ин мавзӯъ Исоматдинов Ҷ.Б. - номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи ватан ва археологияи факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров маърӯза намуда, аз иқдомҳои бузургу созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гашта, қайд намуданд, ки маҳз бо ҷаҳду талошҳои Ҷаноби олӣ рӯзҳои наздик кушодашавии агрегати якуми НБО-и Роғун рӯзи 16-ноябри соли 2018 бо ширкати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеаи таърихӣ ва мояи ифтихор аст. 

Хоҷаева М. - мудири шӯъбаи таърихи давраи муосири Осорхонаи таърихии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар мавзӯи “Пешвои миллат –эҳёгари ҳувият ва фарҳанг” андешаронӣ намуда, қайд карданд: “Ғолибан таҷлили Рӯзи Президент, ҳамзамон бо таҳкими худшиносиву ватандорӣ ба тавсеаи маърифати сиёсии шаҳрвандон таъсири мусбат гузошта, иттиҳоду ҳамбастагиро дар ниҳоди мардум тақвият мебахшад.  Ҷашни Рӯзи Президент ба навбати худ дар роҳи боло бурдани худшиносиву худогоҳӣ, рушди давлатдории миллӣ фоли нек ва дорои аҳамияти вижа  хоҳад буд.

Маҳз хидматҳои Сарвари давлат буд, ки  мо мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтем. Пас месазад, ки бо ҳузури Пешвои миллии хеш дар асри ҷаҳонишавӣ бо ҳисси ифтихор аз тоҷику тоҷикистонӣ будан роҳи рӯшану фардои миллатамонро мунаввар нигоҳ дорем”.

 

 

Лозим ба ёдоварист, ки ин чорабинӣ дар якҷоягӣ бо факултаи таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи ак.Б.Ғафуров баргузор гардид.

Бояд тазаккур дод, ки дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар намоишгоҳи даврони «Тоҷикистони соҳибистиқлол» гӯшае созмон дода шудааст, ки ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст.

Ҳамчунин дар толори пазироии Осорхонаи таърихӣ гӯшаи намоишӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – таҳкимбахши сулҳу ваҳдат” бо истифода аз асарҳои Пешвои миллат ва зиёиёни кишвар созмон ёфтааст.

Бо даъват ба сайри илмӣ дар толорҳои экспозитсионии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд конфронс хотима ёфт.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОПешвои миллат - таҳкимбахши сулҳу ваҳдат
Scroll to Top