Осорхонаи таърихии вилояти Суғд тасмим гирифт, ки барои ҷалби муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар давраи таътили тирамоҳӣ қабули тамошобинонро ба роҳ монад.
Аз ин лиҳоз аз тарафи маъмурияти МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” барои ҷалби муҳассилини мактабҳо гурӯҳи корӣ созмон дода шуда, аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд боздиди мактаббачагонро аз Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд ба роҳ монданд.
Аз рӯи маълумоти кормандони осорхонаҳои Қалъаи Хуҷанд наздик 1000 нафар мактаббачагон дидан намуда, ғизои маънавӣ бардоштанд.
Бояд қайд намуд, ки шиносоӣ бо таърихи аҷдодон ва манзараҳои ободу зебои Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” барои муҳассилини муассисаҳои таълимӣ таъсуроти хотирмон гузошт.