Дар Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи А.Рӯдакии ш.Панҷакент силсилачорабиниҳои ҷашнӣ дар давоми ду рӯз ба ифтихори 60-солагии осорхона бо иштироки сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳанги Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ.Ғуломзода, муовини Раиси шаҳри Панҷакент З.Азимӣ ва намояндагони осорхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардид.
Рӯзи аввал семинар - машварати вилоятӣ доир гардид ва Ф.Рофиева-директори Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент онро оғоз карда, меҳмонон ва иштирокдоронро хайрамақдам намуд. Дар рафти семинар сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳанги Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ.Ғуломзода, директори пойгоҳи бостоншиносии Саразм Н.Худоёрова, омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд М.Бойматов маърӯза намуда, бо иштирокдорон оиди созмон додани экспозитсияҳои намоишӣ, ба роҳ мондани корҳои ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигаҳдории он, корҳои табъу нашр мубоҳиса гузарониданд.
Мувофиқи барнома сармуҳофизи осорхона Ф.Руҳулова, мудири шӯъбаи бостоншиносӣ Умар Саидов ва мудири шӯъбаи табъу нашр С.Юнусиён ба сухан баромада, маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.
Ҳамчунин бахшида ба ҷашни фархундаи 60-солагии осорхона дар рӯзи дуввум конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар рафти он ба кормандони осорхона мукофотҳо супорида шуд. “Аз таърихи 60-соли Осорхонаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ” филми ҳуҷҷатӣ намоиш дода шуда, бахшида ба Соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони Панҷакент ташкил ва баргузор гардид.