Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Конститутсия – бахтномаи миллат

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 

Китобхонаи илмии Муассисаи давлатии  “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” барои гӯшаҳои намоишӣ, ки дар толори пазироии осорхона бахшида ба таҷлили ҷашнҳо ва санаҳои таърихӣ ташкил мегардад, маводҳои ҷолибу мавзӯии интихобкардаи хонандаро пешниҳод менамояд.

Гӯшаи намоишии навбатӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд созмон дода шудааст “Конститутсия-бахтномаи миллат” унвон дорад.

 “Конститутсияи мо хусусияти миллӣ дорад, зеро он бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардида, дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи халқи фарҳангсолори тоҷик инъикос ёфтаанд” - гуфтаанд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон. Алҳол, ки таътили тирамоҳӣ асту теъдоди зиёди муҳассилини муассисаҳои таълимӣ аз осорхона дидан менамоянд, гӯшаи намоишӣ хеле диққатҷалбкунанда аст.

Ҳамчунин бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ сайру гашти оммавии шаҳрвандон ва меҳмонон бо баромади санъаткорони муассисаҳои фарҳангии шаҳри Хуҷанд барпо гардида, тавассути маркази матбуотии маҷмаа баҳри фароғати шаҳрвандон барномаи махсуси идона пахш гардид.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКонститутсия – бахтномаи миллат
Scroll to Top