Исфара яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Миёна буда, дар ибтидо Асбара ном дошт. Шаҳр бо номи Исфара аввалин бор дар “Таърихи Табарӣ” (асри Х) қайд шудааст. Шаҳри Исфара яке аз беҳтарин марказҳои фарҳангии водии Фарғона шинохта шудааст. Дар Исфара аз қадимулайём ҳунарҳои мардумии дастӣ ривоҷ ёфтааст. Аз ин лиҳоз мувофиқ ба ҷадвали тасдиқгардидаи Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ, ки дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” баргузор мегардад, ин навбат аҳли фарҳанги шаҳри Исфара ҳунару маҳорати худро нишон доданд.
Дар Фестивал-озмун маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ба монанди кулолгарӣ, дӯзандагӣ, бофандагию зардӯзӣ ба намоиш гузошта шуд. Ҳамчунин барномаи фарҳангии омоданамудаи овозхонҳои шаҳри овозадори Исфара хеле ҷолибу хотирмон буд ва писанди сокинону меҳмонони Хуҷандшаҳр гардид.
Бояд гуфт, ки яке аз вазифаҳои асосии Фестивал-озмун арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, арзишҳои умумибашарӣ, ифтихор аз фарҳанги миллӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ ба шумор меравад.